Олег Иванов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Душанбе нисбат ба пойтахтҳои ҳамаи кишварҳои собиқ Шӯравӣ рушди бештар дорад»
Душанбе, 17.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) Сайдулло Хайруллоев ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов масъалаи тақвияти ҳамкории илмиву фарҳангӣ дар доираи фаъолияти ҶДРФТ ва Сафорати Беларус дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Зикр шуд, ки дар назди ҶДРФТ 23 Ҷамъияти дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд. Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистону Беларус», ки дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон созмон ёфтааст, фаъолияти пурсамар дошта, дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангии ҶДРФТ ширкати фаъолона дорад. ҶДРФТ бо Сафорати Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории қавӣ дорад ва ин анъанаи равобит дар оянда низ идома меёбад. Фаъолияти ҶДРФТ ва Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Беларус дар ҳамон шакле, ки дар замони Шӯравӣ буд, то кунун нигоҳ дошта шудааст.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов андешаҳои худро дар бораи пешрафтҳои ахири Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан тағйир ёфтани симои шаҳри Душанбе баён дошта, таъкид кард, ки ман 10 сол пеш ба шаҳри Душанбе омада будам ва ҳоло Душанбеи имрӯза аз Душанбеи 10 соли пеш ба куллӣ фарқ мекунад. Шаҳри Душанбе нисбат ба пойтахтҳои ҳамаи кишварҳои собиқ Шӯравӣ рушди бештар дорад ва мо умедворем, ки дар солҳои оянда шоҳиди тараққиёти аз ин бештари пойтахти Тоҷикистон хоҳем шуд.








Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад






