Пешвои миллат: «Дар рӯзҳои ид ба хароҷоти беҳуда ва намоишкориву зоҳирпарастӣ роҳ дода нашавад»

Август 25, 2016 09:14

Душанбе, 25.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Мо бояд ба мардум фаҳмонем, ки тибқи таълимоти дини мубини ислом киҳо метавонанд қурбонӣ кунанд ва хайроту садақа диҳанд, зеро ҳар анъана ва расму ойине, ки дар фарҳанги динии мо роиҷ аст, фазилату мантиқ ва асосе дорад, ки шахсони савобҷӯ бояд тибқи он амал намоянд»,- гуфт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва сокинони вилояти Хатлон.
Бино ба гуфтаи Сарвари давлат, аз таълимоти ислом бармеояд, ки қурбонӣ ҳамчун ибодати молӣ ба шахсоне воҷиб аст, ки аз назари иқтисодӣ имконият доранд ва молу сарваташон барои анҷом додани ин амал кофист. Аз ин лиҳоз, ҳар як мусулмон пеш аз адои ин суннат бояд масъулияти худро дар назди аҳли оила ва хешовандони наздики худ, ки ба ӯ ҳаққи зиёд доранд, иҷро карда бошад.
Дар ояти 286-уми сураи Бақараи Қуръони маҷид омадааст, ки «Худованд ҳеҷ касро беш аз тавоноияш вазифадор намекунад».
Дар ҳадисҳои пайғамбари ислом низ зикр шудааст, ки моли қурбонӣ ё қимати он ва умуман, ҳама гуна хайроту садақот, пеш аз ҳама, ба муҳтоҷону тангдастон, ятимону маъюбон ва оилаҳои бесаробону камбизоат дода мешавад.
«Ҳамчунин таъкид месозам, ки дар рӯзҳои ид ва гузаронидани тӯю маъракаҳо бо назардошти вазъи замона, аз ҷумла таъсири манфии буҳрони молиявию иқтисодӣ ба буҷети ҳар як оила ба хароҷоти беҳуда ва намоишкориву зоҳирпарастӣ роҳ дода нашавад ва Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳатман риоя гардад.
Бори дигар хотиррасон менамоям, ки имрӯзҳо тамоми фаъолияти мо бояд барои сазовор ҷашн гирифтани 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон равона гардад ва мо, фарзандони Тоҷикистони соҳибистиқлол вазифадорем то рӯзи таҷлили он, ки воқеан бузургтарин ҷашни халқамон хоҳад гардид, корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварамонро афзунтар гардонем ва пояҳои давлату давлатдории миллиамонро бо заҳмати шабонарӯзӣ ва муносибати софдилонаву содиқона нисбат ба Ватани аҷдодиамон таҳкиму тақвият бахшем»,- афзуд Пешвои миллати тоҷикон.

Август 25, 2016 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид
«ҲАФТКӮЛ». Ин мавзеи табиии Тоҷикистон маркази рушди сайёҳии экологӣ маҳсуб мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
3 август дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
31 июл дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе шумораи электробусҳо қариб ба 200 адад мерасад
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мегардад
30 июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мешавад