Пешвои миллат Дилшод Назаровро бо медали тиллоии Бозиҳои олимпӣ табрик намуд

Август 20, 2016 09:36

Душанбе, 20.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгари шинохтаи тоҷик Дилшод Назаровро бинобар сабаби ғолибият дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ ва сазовори медали тиллоии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия шуданаш, табрику таҳният гуфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Дилшод Назаров бо сазовор гардидан бо медали тиллоии ин мусобиқаи ҷаҳонӣ шаъну шарафи Тоҷикистонро ҳимоя карда, парчами миллиро боло бардошт, ки ин ифтихори мардуми шарафманди тоҷик аст.

Ба андешаи Дилшод Назаров ғалабаи ӯ дар ин ҳамоиши бузурги варзишӣ бо шарофати Ваҳдату истиқлол ва дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Маҳз талошҳову ташаббусҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ рушд карда, варзишгарон дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ иштирок карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.

Дилшод Назаров2Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ шаби 19 — уми август соати 21:05 дақиқа бо вақти маҳаллӣ ва соати 5:05 дақиқа бо вақти Душанбе дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия шуруъ шуд. Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва аз ҳама рақибонаш пеш гузашт.

Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифта буд. Ӯ моҳи майи соли гузашта дар мусобиқоти ҷаҳонии силсилаи Гран-При оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дувумро касб кард ва ба Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро роҳхат гирифт.

Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 дар Пекин, ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (солҳои 2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (солҳои 1999 ва 2001) мебошад.

Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014-ум муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, инчунин раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст.

Оиладор ва соҳиби ду фарзанд мебошад.

Август 20, 2016 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба фаъолияти Маркази таълимӣ ва забономӯзии «Ориё» расман оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ боғчаи бачагонаи «Маҳдия»-ро ба истифода супориданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба таври фосилавӣ 20 иншооти таъиноташон гуногун ва 70 километр роҳҳои маҳаллиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии «Эҳсон»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Беморхонаи хусусии «Тибби Ҳулбук»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 8 иншоотро дар ноҳияи Фархор ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи омӯзгорон
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»