Президенти Тоҷикистон: «Дар вилояти Хатлон 36 неругоҳи барқи обии хурду бузург бо иқтидори умумии қариб 900 мегаватт сохта шуд»

Август 25, 2016 09:21

Душанбе, 25.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳукумати мамлакат дар 25 соли истиқлолият дар доираи яке аз ҳадафҳои стратегии худ дар самти ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ сохтмону таҷдиди неругоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ, инчунин амалисозии ислоҳот дар соҳаи энергетика як зумра корҳои мушаххасро ба анҷом расонид, ки дар натиҷа таъминоти аҳолӣ бо барқ, фаъолияти устувори инфрасохтори энергетикӣ ва содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя дар фасли тобистон хеле беҳтар гардид». Ин нукта имрӯз зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва сокинони вилояти Хатлон иброз дошта шуд.
Ба таъкиди Сарвари давлат, дар ин давра дар ҳудуди вилоят 36 неругоҳи барқи обии хурду бузург бо иқтидори умумии қариб 900 мегаватт сохта шуд. Аз ҷумла, дар доираи ҳамкорӣ байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Русия бунёди неругоҳи барқи обии Сангтӯда -1 бо иқтидори 670 мегаватт ба маблағи 5,4 миллиард сомонӣ (баробар ба 699 миллион доллари амрикоӣ) ва дар доираи ҳамкорӣ байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бунёди неругоҳи барқи обии Сангтӯда-2 бо иқтидори 220 мегаватт ба маблағи 5,4 миллиард сомонӣ (баробар ба 319 миллион доллар) ба истифода дода шуданд, ки ҳар ду неругоҳ қадами ҷиддӣ ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ гардид.

Август 25, 2016 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд