Суҳбати телефонии Пешвои миллат бо нависанда, шоир ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров

Август 17, 2016 17:09

ТелефониДушанбе, 17.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нависанда, шоир ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров суҳбати телефонӣ намуд.

Дар гуфтугӯи телефонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоир ва драманависи номдори мамлакатро ба ҷашни 80- солагии зодрӯз табрику шодбош гуфта, барои хизматҳои шоёнаш дар пешрафти насру назм ва драматургияи муосири тоҷик арзи сипосу миннатдорӣ кард.

Темур Зулфиқоров 17-уми августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, муаллифи асарҳои зиёди назму насрӣ ва драматургӣ мебошад. Эҷодиёти Темур Зулфиқоров маротибаҳои зиёд дар театрҳои бузурги ҷаҳон ба саҳна гузошта шуда, бо 12 забони дунё тарҷума шудаанд. Номбурда муаллифи беш аз 20 филмномаи бадеию ҳуҷҷатӣ мебошад, ки сазовори ҷоизаҳои фестивалҳои миллӣ ва байналмилалии синамо гардидаанд.

Август 17, 2016 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд