Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳои иттилоотиро оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат ба нашр расонд

Сентябрь 20, 2016 09:20

Душанбе, 20.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи ҳармоҳаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи иттилооти таъҷилиро оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонид, ки соҳаҳо ва бахшҳои иқтисодиро барои моҳи охири ҳисобот ва аз аввали сол дар бар мегиранд. Тавре ки аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ Ховар хабар доданд, бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯаи «Молияи Тоҷикистон: 25 соли Истиқлолияти давлатӣ», «Сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: 25 соли Истиқлолияти давлатӣ» «Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ» ва «Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз чоп баромад.
Дар маҷмӯа оид ба соҳаҳои муҳимтарини истеҳсолот, нақлиёт ва алоқа, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, бозори истеъмолӣ, нарх, молия, бозори меҳнат, сатҳи зиндагии аҳолӣ иттилооти васеъ пешниҳод карда шудааст.
Маҷмӯаи омории «Молияи Тоҷикистон» иттилооти солҳои 1991-2015-ро дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ, омори бонкӣ, суғурта, нишондиҳандаҳои асосии молиявии фаъолияти хоҷагидории корхонаҳо ва ташкилотҳо дар бар мегирад. Ба маҷмӯа оид ба қарзҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат, қарзгузорӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт, даромад ва хароҷоти буҷет, ҳисоббаробаркунии муассисаҳо дар соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дохил шудаанд.
Маълумот бо нархҳои солҳои дахлдор аз рӯи корхонаҳо ва ташкилотҳои ба қайд гирифташуда, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ қарор доранд, оварда шудаанд.
Дар маҷмӯаи омории «Сохтмон дар Тоҷикистон» падида ва ҷараёнҳое, ки дар фаъолияти сармоягузорӣ ва шароити гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ ба амал меоянд, мавод инъикос ёфтаанд. Маводе пешниҳод шудаанд, ки дараҷа ва сохтори сармоягузориро ба сармояи асосӣ, инвеститсия ба дороиҳои ғайримолиявӣ, сармоя ба сармояи асосӣ, дараҷаи фондҳои асосӣ ва ба кор андохтани фондҳои асосӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва объектҳои бахши иҷтимоиро тавсиф мекунанд.
Дар маҷмӯа ҷои бештар барои нишондиҳандаҳое ҷудо карда шудааст, ки вазъи маҷмӯи сохтмонро тавсиф менамояд: ҳаҷми корҳои пудратӣ ва сохтмон, меҳнат ва нарх дар сохтмон, истеҳсоли намудҳои муҳимтарини маҳсулоти саноатӣ барои сохтмон.
Дар маҷмӯа маълумоти муқоисавии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба мамлакатҳои ИДМ низ пешниҳод карда шудаанд.
Маҷмӯаи омории «Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумоти рушди саноатро дар тавозуни солҳои 1991-2015 дар бар мегирад.
Дар маҷмӯа маълумот дар бораи истеҳсоли маҳсулоти саноати истихроҷи маъдан, саноати коркард ва истеҳсол ва тақсимоти қувваи барқ, газ ва об иттилоот пешниҳод шуда, оид ба бахши ғайридавлатии саноат маълумот оварда мешаванд.
Инчунин агентӣ омори солона — «Ҷумҳурии Тоҷикистон: 25 соли Истиқлолияти давлатӣ» ро нашр намуд. Дар маҷмӯаи солонаи оморӣ нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 25 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаанд. Маълумот умуман дар сатҳи ҷумҳурӣ оварда шуда, як қатор нишондиҳандаҳое ҷой доранд, ки вазъи иқтисодӣ ва фарҳангии вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳуриро нишон медиҳанд. Иттилооти тавсифӣ оид ба хусусиятҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ, ҷуғрофию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд.
Дар он маълумот дар бораи аҳолӣ, вазъи демографӣ, тандурустӣ, маориф, ҳаёти илмию фарҳангии мамлакат оварда шудааст.
Яке аз бобҳои маҷмӯа тавсифи умумии корхонаю ташкилотҳо, иттилооти бозоргонӣ оид ба корхонаҳои хурд ва ҷараёни хусусигардониро дар бар мегирад. Қисми зиёди маҷмӯаро нишондиҳандаҳое, ки вазъияти баъзе соҳаҳои иқтисодиёт — саноат, сохтмон, кишоварзӣ, нақлиёт, соҳаҳои хизматрасонии аҳолиро тавсиф мекунанд, дар бар мегиранд.
Инчунин як зумра бобҳо ба фаъолияти иқтисодии хориҷии ҷумҳурӣ бахшида шудаанд.

Сентябрь 20, 2016 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар забони туркӣ» аз чоп баромад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон барф меборад
Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба бесилоҳшавӣ то 28 март давом мекунад
Шумораи ҳалокшудагон бар асари сӯхтор дар меҳмонхонаи Туркия ба 76 нафар расид
Байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази имдод ва кумакҳои Шоҳ Салмон оид ба татбиқи лоиҳаи «Сабади озуқаворӣ-2025» Созишнома ба имзо расид
Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Созмони исломии амнияти озуқаворӣ ба мардуми Ғазза кумаки башардӯстона равон намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси авруосиёии занон-ихтироъкорон ва соҳибкорони технологӣ иштирок намуданд
27 январ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
22 январ дар Тоҷикистон борону барф меборад
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини вазири корҳои хориҷии Русия мулоқот намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст