«Ҷалолиддини Балхии Румӣ ва табодули фарҳангии тоҷикон бо ҷаҳон» — гиромидошти Мавлоно дар ДДЗТ
Душанбе, 30.09.2016./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 30 сентябр аз зодрӯзи шоир, ориф ва мутафаккири бузурги Шарқ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ 809 сол сипарӣ гардид.
Дар иртибот ба ин сана бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (ДДЗТ) ба номи Сотим Улуғзода, панҷумин конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҷалолиддини Балхии Румӣ ва табодули фарҳангии тоҷикон бо ҷаҳон» баргузор гардид.
Дар конфронс олимону донишмандон дар мавзӯъҳои «Ҳастӣ аз нигоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ», «Масъалаи озодии инсон аз нигоҳи Мавлонои Балхӣ», «Мақоми ахлоқ дар афкори Ҷалолуддини Балхӣ», «Андешаҳои ахлоқӣ-тарбиявии Мавлоно» ва дигар ҷанбаъҳои осори шоир ва орифи бузурги тоҷик сухан карда, нақши шоирро дар ташаккули адабиёти асримиёнагии тоҷик муассир арзёбӣ намуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






