АМИТ «Ховар» пешниҳод мекунад : «25 корнома, ташаббус, дастовард, падида, бунёдкорӣ, иқтибосҳо» бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 5.09.16. /АМИТ «Ховар»/. «25 корнома, ташаббус, дастовард, падида, бунёдкорӣ, иқтибосҳо»- чунин ном дорад маҷмӯае, ки аз тарафи ҶДММ «Ҳотамиён» бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуд.
Дар ин маҷмӯа гулчини бардошту хулосаҳои аҳли қалами АМИТ «Ховар» дар асоси хабару гузоришҳои батабърасида дар бораи дигаргуниҳо ва пешрафтҳои беназири маллати тоҷик дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда шудаанд.
«Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии худ ба дигаргуниҳо ва дастовардҳои зиёде ноил гаштааст, ки хеҷ кадоми онҳоро наметавон бе зикри номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ном бурд, зеро тамоми ин дигаргуниҳо маҳз бо ибтикор, роҳбарӣ, раҳнамоӣ ва дастгирии бевоситаи ӯ ба вуқӯъ омадаанд», — навиштаааст дар сарсухани китоб директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ.
Саидалӣ Сиддиқ изҳори умед кардааст, ки ин гулчини мусаввар, ки чун ҳадяи идона бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба нашр расид, аз тарафи хонандагон хуш пазируфта мешавад.








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






