Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо! 21 сентябр-Рӯзи ҷаҳонии сулҳ

Сентябрь 21, 2016 13:46

Душанбе, 21.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Барои мардуми зиёди курраи Замин сулҳ- ин воқеияти ҳаррӯза аст. Дар кӯчаҳо фарзандон дар фазои ором қадам зада, ба мактаб мераванд. Дар ҷое, ки пояҳои сулҳ мустаҳкам аст, арзиши он ба чашм намерасад. Аммо барои қисми зиёди мардум дар ҷаҳони муосир ин туҳфа-сулҳ болотар аз орзуи афсонавӣ аст. Онҳо дар фазои ноамн ва тарсу ҳарос умр ба сар мебаранд. Соли 1982 Ассамблеяи генералии СММ бо як қарори худ Рӯзи байналмилалии сулҳро эълон кард ва таҷлили онро сешанбеи сеюми сентябр муқаррар намуд. Ин рӯзро Ассамблеяи генералӣ ба арҷгузорӣ  ва таҳкими сулҳ чӣ дар дохили давлат ва чӣ берун аз ҳудуди он бахшид.

Соли 2001 Ассамблеяи генералӣ якдилона қарорро дар бораи ҳамасола ҷашн гирифтани 21 сентябр- ҳамчун Рӯзи байналмилалии сулҳ қабул кард, ки мувофиқи он дар ин рӯз оташбаси умумӣ эълон шуда, аз озору таҳқир даст кашида мешавад.

Аз он рӯз ин ид миллионҳо нафарро ба худ ҷалб кард, кишварҳои зиёд ва минтақаҳоро фаро гирифт, ки дар он ҷойҳо аз тарафи созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷавонон чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд. Дар ин рӯз бояд одамон на танҳо дар бораи сулҳ фикр кунанд, балки барои сулҳ кореро ба анҷом расонанд.

Воқеаҳои солҳои охир–ҷанг, терроризм, муҳорибаҳои ҳарбӣ, мухолифатҳои амиқ, ки одамонро дар ҳама гӯшаҳои ҷаҳон аз ҳамдигар ҷудо мекунанд, муҳим будани Рӯзи байналмилалии сулҳро бори дигар таъкид месозанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ кишваре мебошад, ки ҷангро аз сар гузаронид ва бо ҷоннисориву заҳматҳои зиёд сулҳу субот барқарор гардид, ки ин барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш мебошад.   Таҷрибаи сулҳофаринӣ ва Ваҳдати миллии тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ падидаи нодир аст.   Бо шарофати пойдории Ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу субот дар мамлакатамон марҳалаи созандагӣ фаро расидааст. Маҳз бо шарофати Ваҳдати  миллӣ ва сулҳу субот ба мо муяссар шуд, ки давлати соҳибистиқлоли хешро аз хатари нестшавӣ нигоҳ  дорем. Маҳз Ваҳдати миллӣ решаҳои Истиқлолияти давлатии моро мустаҳкам кард.

Аскаралӣ Раҷабов, мудири шуъбаи таърих ва назарияи санъати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон, профессор дар мавриди сулҳофар будани мардуми тоҷик чунин андеша дорад:

«Агар мо ба таърихи сулҳ ва сулҳофаринӣ назар кунем, мебинем, ки нақши тоҷикон дар масири таърих ҳамчун мардуми сулҳовар, сулҳофарин ва сулҳҷӯ назаррас аст ва сулҳофаринию сулҳдӯстии мардуми мо дар гузашта ва имрӯз борҳо собит шудааст.  Ниёгони мо ягон вақт кишвареро ғасб накардаанд ва намояндагони барҷастаи мо дар ҳар давру замон барои сулҳ, ризоияти миллӣ ва сулҳофаринӣ кӯшишҳо ба харҷ додаанд. Дар осори бузургони дирӯзу имрӯзи мо сулҳ ҳамчун як хориқаи муҳим барои тавҳид ва ҳамгироии мардумон, оромӣ ва осоиши ҷомеа нақши муассир дорад. Дар гузашта агар бузургони мо ҳамеша сулҳро ҳамчун як арзиши бузург дар осорашон ба қалам оварда бошанд, дар қарни 20 яке аз фарзандони бузурги мо, Қаҳрамони халқи тоҷик устод Мирзо Турсунзода солиёни дароз  ҳамчун раиси Кумитаи советии ҳамраъйии мамлакатҳои Осиё ва Африқо барои дар ҷаҳон доман густурдани сулҳ воқеан хизматҳои бузург кардааст. Мирзо Турсунзода ҳамчун мубориз ва тарғибгари сулҳу амонӣ дар роҳи мустаҳкам гардонидани сулҳу дӯстии мамлакатҳои Ғарбу Шарқ хизматҳои беназир кардааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ба туфайли сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешаву омоли сулҳофаринии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ бори дигар шуҳравар гардид.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ин таҷрибаи бузургро ҳамчун як меҳвару раҳнамо барои хомӯш кардани оташи ҷанг, фурӯ нишондани ҷанҷолҳои сиёсӣ дар кишварҳои Шарқи миёна ва Шарқи дурру наздик ба таври васеъ истифода мебарад. Сулҳи тоҷикон имрӯз чун яке аз муваффақтарин таҷрибаи сулҳофарӣ дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад. Дар мавриди муаррифии таҷрибаи сулҳи тоҷикон бояд гуфт, ки ин таҷрибаи нодирро бояд барои наслҳои ояндаи на фақат Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки кишварҳои Шарқи Миёна  бо гузоришу назари нав таҳқиқию муқоисавӣ пешниҳод кунем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ташаббускорони ба ҳам овардани ҷомеаи Афғонистон ба шумор меравад. Дар чандин минбарҳои ҷаҳонӣ ин иқдом аввалин шуда аз тарафи Президенти кишвари мо сурат гирифтааст. Сарвари давлати мо  талош дорад, ки мардуми кишвари ҳамсоя ва ҳаммарз бо мо ба ҳам оянд, сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ва ягонагӣ дар  ин кишвар пойдор гардад. Таҷриба ва амалияи сулҳи байни тоҷикон аҳамияти на танҳо миллӣ, балки байналмилалӣ низ дорад, чунки он дар ҳалли низоъҳои дохилӣ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон, ба монанди Афғонистон, Сурия ва дигар кишварҳо метавонад истифода карда шавад».

Бояд таъкид намуд, ки сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои муқаддастарин  қадру қимати бузург доранд.  Дар ҷодаи ободонию пешрафти Тоҷикистони азиз Ваҳдати миллӣ ва сулҳу оштӣ нақши бузург доранд.  Маҳз сулҳи пойдор ва Ваҳдати миллӣ асоси рушди устувори кишвари соҳибистиқлоли мо гардид. Ватанро дӯст доштан ва ба қадри Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ расидан вазифаи ҷонии ҳар яки мост.

Мавҷуда Анварӣ

 

 

 

Сентябрь 21, 2016 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони Кумитаи доимии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии СҲИ иштирок намуд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
ИНТЕРНЕТИ ХОНАГӢ. Тамоми сол бе нигаронӣ ва бидуни пардохтҳои ҳармоҳа!