Ба истифода додани роҳи марказии ноҳияи Лахш

Сентябрь 26, 2016 11:24

Душанбе, 26.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сипас боздиди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Лахш бо ифтитоҳи роҳи марказии ноҳия, ки ба тозагӣ навсозӣ шудааст, идома ёфт.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масофаи ин роҳ беш аз 3 километрро дар бар гирифта, он дар муҳлати кӯтоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо харҷи 3 миллион сомонӣ азнавсозӣ карда шудааст.

Фармоишгари асосӣ барои таҷдиду барқарорсозии роҳи мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро роҳсозони ҶДММ «САЛОСА» ба анҷом расонидаанд.

Дар маросими ба истифода додани роҳи мошингарди марказӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ҷиҳати азнавсозии роҳҳои боқимондаи ҳудуди ноҳияи Лахш, ки имрӯз ба таъмир ниёз доранд, ба масъулони сохторҳои дахлдор дастру супориш доданд.

29856116671_fd107a8c06_zЛозим ба ёдоварист, ки ин қитъаи роҳ аз ин пеш ҳолати ногувор дошт ва рафту омади ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тариқи он ба мушкил сурат мегирифт. Акнун бо асфалтпӯш гардидани роҳи мазкур, ки бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд, сокинони ноҳияи Лахш изҳори хушнудӣ намуда, анҷоми корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла таъмири роҳу пулҳоро роҳи расидан ба зиндагии аз ин ҳам хубтар арзёбӣ намуданд.

Ҳамчунин дар рӯзҳои таҷлил аз 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,5 километр роҳи мошингард, шуруъ аз гардиши деҳаи Қалъаи Занкон то дармадгоҳи маркази ноҳия баъди навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки дар зарфи панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети ноҳия роҳи байни деҳаи Майдонтерак то маркази ноҳия ба масофаи 3 километр асфалтпӯш ва ҳамчунин роҳи мошингарди байни деҳаи Янгишаҳр то маркази ноҳия ба масофаи зиёда аз 2 километр таъмиру барқарор ва мумфарш карда шуд.

Дар маҷмуъ давоми солҳои 2010-2015 беш аз 15 километр роҳҳои ҳудуди ноҳияи Лахш мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор гирифта, як пули мошингузар низ пурра таъмир карда шудааст.

Сентябрь 26, 2016 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд