Баррасии татбиқи тарҳҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика ва истихроҷи канданиҳои фоиданок дар мулоқоти Ҳ. Зарифӣ ва К. Фуруя

Сентябрь 22, 2016 13:52

Душанбе, 22.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябри соли 2016 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо вакили Палатаи намояндагони Парлумони Япония, муовини раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Япония Кэйҷи Фуруя мулоқот анҷом намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, энергетикӣ, сармоягузорӣ, инчунин татбиқи тарҳҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика ва истихроҷи канданиҳои фоиданокро баррасӣ намуданд. Тарафҳо иброз доштанд, ки имкониятҳои фаровони мутақобилаи истифоданашуда миёни ду кишвар метавонанд ҷиҳати робитаҳо дар соҳаҳои мазкур босамар истифода шаванд.
Миёни маҷмӯи масоили баррасишуда, ҳамчунин зарурати фаъолгардонии ҳамкорӣ дар доираи Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва таҳкими робитаҳо миёни сохторҳои соҳавии ду кишвар таъкид гардиданд.
Ҷонибҳо инчунин зарурати ҳамкории босамари Тоҷикистон ва Японияро дар арсаи байналмилалӣ бо назардошти мавқеи яксони ду кишвар доир ба масълаҳои обу энергетикӣ, пешгирӣ аз хавфҳо ва офатҳои табиӣ, амният ва субот дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ иброз доштанд.

Сентябрь 22, 2016 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад