Боздиди Сарвари давлат аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои соҳаи кишоварзии ноҳияи Нуробод
Душанбе, 25.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзеи Сари қоши ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо вазъи парвариши картошка, ғунучини ҳосили ба даст омада, кишти такрории заминҳо, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ шинос шуданд.
Иттилоъ доданд, ки дар мавзеи Сари қош дар майдони 15 гектар навъи хуби картошка, аз ҷумла Тоҷикистон, Пикассо, Кардинал, Ғончӣ кишт карда шудааст ва меҳнаткашон аз он ҳосили дилхоҳ руёниданианд. Тавре маълум гардид, ки дар ин минтақа баъди ҷамъ овардани ҳосили ғалладонагиҳо дар масоҳати 8 гектар кишти такрории сабзӣ, лубиё, мош ва дар майдони 50 садяк замин картошка кишт карда шудааст.
Дар намоишгоҳ деҳқонони ноҳия маҳсулоти гуногуни соҳаи кишоварзӣ аз қабили сабзавот, мевагиҳо, асал, гиёҳҳои гуногуни табии шифобахш, моҳии зиндаро ба меҳмонон пешниҳод намуданд. Тавре маълум аст, дар ин минтақаи кишвар соҳаи картошкапарварӣ, занбуриасалпарварӣ ва моҳипарварӣ рушд карда истодааст ва дар намоишгоҳи имрӯза беҳтарин анво, меваю полезиҳо ва асал дар ҷойи махсус гузошта шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии ноҳия дидан карда, бо маҳсули дасти устоҳои чирадаст, дӯзандаҳои бомаҳорат, кадбонуҳо, дуредгарон ва дигар ҳунармандон, ки дар ин ҷо ба маъраз гузошта шуда буд, шинос шуданд.
Сокинони ноҳияи Нуробод дар намоишгоҳи имрӯза дастоварди 25 — соли даврони соҳибистиқлолиро намоиш дода, дар гӯшаҳои махсус таомҳои миллӣ, сӯзанӣ, чакандӯзӣ, атласу адрас, қолинҳои дастӣ, асбобҳои рӯзғор ва расму оинҳои миллиро бо маҳорати баланд ва дар сатҳи хуби ташкилӣ пешкаш карданд.
Зимни тамошои намоишгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари устоҳо, ҳосили фаровони меҳнаткашон ва дигар сокинони ноҳия, ки муҳсули дастранҷи худро ба маъраз гузошта буданд, баҳои баланд доданд.



























Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






