Бузургдошти ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон дар Файзободи Афғонистон
Душанбе, 14.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябри соли 2016 дар бинои Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вобаста ба таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазироии ботантанаи расмӣ баргузор гардид. Умед Назаров, Консули Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод дастовардҳои Тоҷикистонро дар даврони Истиқлолият таъкид намуда, ҳолат ва дурнамои ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Афғонистонро барои рушди минтақа муҳим арзёбӣ намуд.
Волии Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҳмад Файсал Бекзод мардуми Тоҷикистонро бо таҷлили солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, оид ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, дурнамои ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ миёни ду кишвар сухан ронд.
Ҳамчунин филми мустанад ва видео-наворҳо дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, фарҳанг, ҷойҳои таърихию табиати кишвар ва наворҳои намоишҳои фарҳангии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешкаши меҳмонон гардид.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






