Дар Истанбул 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил карданд

Сентябрь 30, 2016 12:33

Душанбе, 30.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул 29 сентябри соли 2016 дар меҳмонхонаи «Crovne Рlaza Istanbul», воқеъ дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари назди гулӯгоҳи «Босфор» зиёфати расмӣ баргузор намуд.
Дар маросими идона Волии шаҳри Истанбул — Васип Шаҳин, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия М. Раҷабиён, намояндагони расмии ҳокимияти маҳаллӣ ва корпуси дипломатии муқими шаҳри Истанбул, арбобони илму фарҳанг ва хабарнигорон, инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳавзаи консулӣ таҳсил ва фаъолият мекунанд, иштирок намуданд.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул Илҳом Абдураҳмонов меҳмонон ва ҳамватанонро ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Инчунин дар чорабинии идона Волии шаҳри Истанбул — Васип Шаҳин суханронӣ намуда, иштирокчиёнро бо ин ҷашни миллӣ табрик гуфт.
Ба диққати меҳмонон филми мустанад доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолият, намоишгоҳи хурди намунаи асарҳои косибӣ, ҳунарҳои мардумӣ, либосҳо ва зардӯзиҳои миллӣ, сӯзаниҳо, китобҳо оид ба фарҳанги мардуми Тоҷикистон ва маводи таблиғотӣ барои ҷалби сайёҳон пешкаш гардиданд.

Сентябрь 30, 2016 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад