Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» аввалин ҷарроҳии дил муваффақона анҷом ёфт!
Душанбе, 30.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 30 сентябр дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», ки моҳи марти соли равон ба кор шурӯъ кард, аввалин маротиба ҷарроҳии дил анҷом дода шуд. Бемор тифли 2,5- сола буда, ба бемории модарзодии дил гирифтор аст. Ҷарроҳӣ нозук буда, ин гуна амалиёт аввалин маротиба дар ин муассисаи тиббии шаҳри Душанбе гузаронида шуд ва табибони ботаҷриба дар он иштирок карданд. Бино ба гуфтаи Фаррух Маҳмадов, муовини директори Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», амалиёти ҷарроҳии ин тифл хеле нозук буда, ба воситаи технологияи ҳозиразамон, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ин муассисаи тиббӣ васл гардидаанд, сурат гирифт.
«Пештар ин гуна амалиёт танҳо дар Маркази дилу рагҳои ҷумҳурӣ анҷом дода мешуд. Дар оянда мо метавонем ҳамарӯза ин гуна ҷарроҳиҳоро дар муассиса анҷом диҳем»,- гуфт Ф. Маҳмадов.
Як даҳсола қабл бо сабаби норасоии мутахассисон дар соҳаи ҷарроҳии дил баъзан аз хориҷи мамлакат табибон барои анҷом додани ин гуна амалиёти мураккаб даъват карда мешуданд. Инчунин бо сабаби норасоии дастгоҳҳо барои гузаронидани чунин амалиёти нозук беморон ба хориҷи мамлакат фиристода мешуданд.
«Имрӯзҳо дар натиҷаи ҷаҳду талош ва иқдомҳои пешгирифтаи Сарвари давлат баҳри солимии ҷомеа, мутахассисони ватанӣ ба хориҷ аз мамлакат- пешрафтатарин мамлакатҳо барои омӯхтани таҷриба сафарбар гардида, дар он ҷо малакаи худро сайқал дода, ба мардум хузмат мерасонанд. Баҳри фаъолияти густурдаи онҳо дастгоҳҳои нодире, ки мутахассисони соҳаи тибби ҷаҳонӣ аз онҳо истифода мебаранд, ба кишвар оварда шуданд. Аз ҷумла, дар маҷмааи тандурустии «Истиқлол» дастгоҳҳои нодир ва гаронарзиш васл гардидаанд, ки ҳатто дар Осиёи Марказӣ назир надоранд»,-илова кард Ф. Маҳмадов, муовини директори Маҷмааи тандурустии «Истиқлол».








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






