«Гузарад соати душвор, Ватанро мафурӯш!» (Нигоҳе ба шеърҳои ватандўстонаи Абдуллоҳи Раҳнамо)

Сентябрь 23, 2016 15:51

         Душанбе, 23.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон озмуни беҳтарин асари назмӣ ва насрӣ дар мавзўи Ватан, давлат ва истиқлолиятро ҷамъбаст кард. Дар ҷамъомади тантанавӣ Раиси ИН Низом Қосим эълон намуд, ки аз миёни 35 асари омўхташуда навиштаҳои Абдуллоҳи Раҳнамо яке аз беҳтарин осори назмӣ дар мавзўи ватандўстӣ ва истиқлолият шинохта шуданд. Вақти тақдими ҷоиза ба А.Раҳнамо Раиси Иттифоқи Нависандагон таъкид кард, ки номбурда корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, узви Иттифоқи Нависандагон нест, аммо ҳайати доварон сатҳу мазмуни шеърҳои ватандўстонаи ўро ба назар гирифта, ба хулоса омаданд, ки ин мукофотро ба ў муносиб донанд.

Хабари беҳтарин асари назмӣ дар мавзўи ватан ва истиқлолят дониста шудани ашъори Абдуллоҳи Раҳнамо боис гашт, ки бори дигар ба шеърҳои ў муроҷиат намоям. Мутолиаи осори назмии ў нишон медиҳад, ки шоир дар ҳақиқат ифодакунандаи андешаву афкори аз замири қалб бурузкунанда ё лабрезшудаи як фарзанди ватан аст, ки масъалаҳои иҷтимоии ҷомеаро бо тамоми вуҷудаш эҳсос мекунад.

Бале, дар муқаддимаи китоби шеъри ў муҳаррирон гуфтаанд, ки Абдуллоҳи Раҳнамо шоири касбӣ нест ва ашъори зиёду маҷмуаҳои бузургҳаҷм надорад. Аммо огоҳон медонанд, ки аввалан, шоирӣ касб нест, балки ҳунар, истеъдоди худодод буда, на ҳаркиро лоиқ аст ва сониян, аз ашъори бузургҳаҷме, ки гавҳари маънӣ, навовариву навгонӣ надошта бошад, чи суд?  Пас, шеъри Раҳнамо агарчи кутоҳу камҳаҷм бошад, вале гарму нишонрас аст.

Аксари шеърҳои Раҳнамо ба инъикоси мавзўъҳои ватандўстӣ, давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ нигаронида шуда, муҳаббати  амиқ ба ватан, касби истиқлоли фикрӣ, мактабу маориф, раҳоӣ аз ҷаҳлу ҷаҳолат ва нодонӣ ё ба ибораи худаш, «огоҳиву тафаккуру номусу боварӣ»-ро тараннумгаранд. Алалхусус, шеърҳои «Ҷойгоҳи давлат», «Ҷойгоҳи  Ватан», «Роҳати ҷон аст тоҷик», «Эъломияи инқилоб», «Суруди Ватан», «Ватанро мафурўш», «Насли ваҳдат» дар адабиёти мо суханони нав ва баёнгари гуфтаҳои болоянд. Магар бе эҳсоси баланди ватандорӣ сурудани чунин мисраъҳои баланд имконпазир аст?

Қасам ба лолаи дашташ, ки сурх мерўяд,

Ба ранги хуни раги гардани ниёгонаш.

Қасам ба азми баҳоре, ки баъди ҳар куштан,

Қиём мекунад аз синаи зимистонаш.

Муқаддас аст замине, ки модари таърих,

Ба шир ном ниҳодаст Тоҷикистонаш!

Дар чунин сатҳи баланд ба мавзўъҳои иҷтимоӣ, аз худшиносиву худогоҳӣ сар карда, то ба мавзўъҳои печидаи сиёсӣ даст задани А.Раҳнамо гувоҳ аз донишу фазилат ва васеъ будани афкору андешааш мебошад, ки ба хонанда ҳатман таъсир мерасонад. Шеърҳои «Рўзадорему ришва мегирем», «Ҷанги мазҳаб», «Имрўзи мусалмонон», «Агар имон мебуд» ва ғайраро дар исботи ин андеша намуна овардан мумкин аст.

Хулоса, барои тақвияти гуфтаҳои боло мехостам чанд шеъри Абдуллоҳи Раҳнаморо аз маҷмўаи «Ту дар гуфтан намеоӣ…» (Душанбе, 2016) барои хонандагон пешниҳод созам, то бузургии ишқ ба Ватани азиз, вусъати андеша ва баландии тахайюли шоир пеши назари худи хонандагон ҳувайдо гардад. Яъне, рўшан шавад, ки як маҷмўае бо чунин шеърҳои гарму ноби ватандўстона, ки эҳсосу ифтихори ватандориро дар вуҷуди фард парвариш медиҳад, дар ҳақиқат сазовори ҳама гуна қадрдонӣ мебошад.

 

Баҳриддини Нодир

 

Ҷойгоҳи  Ватан

Қасам ба ишқи бузурге, ки нест поёнаш,

Қасам ба гардиши тақдири гирдгардонаш.

Қасам ба оби зулолаш, ки ройгон ҷорист,

Қасам ба вусъати таъриху кўҳи имонаш.

 

Қасам ба лолаи дашташ, ки сурх мерўяд,

Ба ранги хуни раги гардани ниёгонаш.

Қасам ба азми баҳоре, ки баъди ҳар куштан,

Қиём мекунад аз синаи зимистонаш.

 

Қасам ба ҷилди китобе, ки дар Бухоро сўхт,

Қасам ба дастхати чармпўши девонаш.

Қасам ба ҳурмати чўби сафеди гаҳвора,

Қасам ба модари маъсуми покдомонаш.

 

Қасам ба бораи санге, ки Қасри миллат шуд,

Қасам ба мавҷи хати парчами парафшонаш.

Қасам ба ҳиммати марди бузурги ҷонбаркаф,

Ки ҷамъ кард ба тадбир халқи сарсонаш…

 

Муқаддас аст замине, ки модари таърих,

Ба шир ном ниҳодаст Тоҷикистонаш!

 

 Роҳати ҷон аст тоҷик

Некрўю некному некунвон аст тоҷик,

Хушдилу софу самимию сухандон аст тоҷик,

Як чаман себаргаву як пора имон аст тоҷик,

Нусхаи асли фазилатҳои инсон аст тоҷик,

Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.

 

Хандаҳои кўдакони пахтасебаш нур дорад,

Дар нигоҳи дилбарони дилфиребаш нур дорад,

Дар ҷабини мўсафедони базебаш нур дорад,

Осмону офтобу моҳи тобон аст тоҷик,

Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.

 

Аз табори растагору аз нажоди арҷманд аст,

Хиттаи нангаш бузургу марзи номусаш баланд аст,

Дар вуҷудаш кони панду дар забонаш кони қанд аст,

Ҳикмату андешаву фарҳангу ирфон аст тоҷик,

Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.

 

Пораи ноне агар рўи замин бинад, бичинад,

Аз муҳаббат об гардад гар ғариберо бубинад,

Дар бари ҳамсояи бемор чун модар нишинад,

Беҳтарин тафсири маънии мусулмон аст тоҷик,

Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.

 

                      Эъломияи инқилоб

Гар ба бонги бомдодӣ рахт барбандӣ зи хоб,

Гар расӣ то коргоҳат гарм ҳамчун офтоб,

Гар ту дорӣ фикри нобу тарҳи нобу ҳарфи ноб,

Гар туро пок аст хону хонаву молу ҳисоб,

Гар диҳӣ дар қитъаи худ пеши виҷдонат ҷавоб,

Пас ҳамин аст инқилоб!

 

Гар шиносӣ қадри вақту, пос дорӣ аҳди ёр,

Гар ба касби худ расӣ то зинаҳои ифтихор,

Гар набахшию нагирӣ ришва дар иҷрои кор,

Гар ба илму фан намонӣ аз замони худ канор,

Дар бари фарзанд як соат нишинӣ бо китоб,

Пас ҳамин аст инқилоб!

 

Наҳзати[1] мо гар бувад як наҳзати созандагӣ,

Мазҳаби[2] мо гар бувад парҳез аз паркандагӣ,

Фитрати мо гар бувад инкори фақру бандагӣ,

Бартар аз қавму маҳал, дар сатҳи миллат зиндагӣ,

Гар ба ҷойи тан кунӣ фикри ватанро интихоб,

Пас ҳамин аст инқилоб!

 

Гар бишўрӣ дар хиёбону бисўзӣ сар ба сар,

То нишинад ҷойи чанди дигаре чанде дигар,

Боз кишвар ғарқи хуну боз миллат дар ба дар…

Инқилоби ҷоҳилон ҳаргиз намеорад самар,

Гар раҳо ёбӣ зи банди ин гумону ин сароб,

Пас ҳамин аст инқилоб!

 

«Инқилоби Миср» ҷабру зулмро якбора кард,

«Инқилоби Шом» ними халқро овора кард,

«Инқилоби нарм»-и Гурҷистон ватанро пора кард,

«Инқилоби Украина» мулкро бечора кард,

Тоҷикистон гар амон монад аз ин мавҷи хароб,

Пас ҳамин аст инқилоб!

 

 Ватанро мафурўш

 

Гузарад соати душвор, ватанро мафурўш,

Ғами имрўз шавад пор, ватанро мафурўш.

 

Ҳафт пушти ту мабодо, ки хиҷолат монад,

Ҳафт пушти ту мададгор, ватанро мафурўш.

 

Хати марзи ватан имрўз хати номус аст,

Эй баномус ватандор, ватанро мафурўш.

 

Сари болои ту Албурзи баланди нанг аст,

Ба дами теғу сари дор ватанро мафурўш.

 

Ғарб то Шарқ ҳама манфиати худ ҷўяд,

Ба фиреби ду ҷаҳонхор ватанро мафурўш.

 

Нест шайхи арабу пири аҷам маҳрами ту,

На ба турку на ба тотор ватанро мафурўш.

 

Сухани қудсии «Ҳубби ватан аз имон аст»,

Шунав аз Сарвари солор, ватанро мафурўш.

 

Шармсории хиёнат ба абад мемонад,

Марг бар ҷон хару зинҳор ватанро мафурўш.

 

Гузарад соати душвор, ватанро мафурўш…

                      

[1] Эҳё, ҳаракат

[2] Равиш, тарзи тафаккур

Сентябрь 23, 2016 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад