«ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон дар Ҷумҳурии Арабии Миср маҷалла бо забони арабӣ нашр гардид

Ноябрь 21, 2025 15:41

ДУШАНБЕ, 21.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қоҳираи  Ҷумҳурии Арабии Миср маҷаллаи «Тоҷикистон» ба забони арабӣ нашр гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира иттилоъ медиҳад.

Дар маҷалла сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, таъриху фарҳанги тоҷикон, имконияти сармоягузорию маконҳои сайёҳии мамлакат ва мавзеъҳои таърихии барои мардуми Миср ва дигар давлатҳои ҷаҳон ҷолиб муаррифӣ гардидаанд.

Маҷаллаи «Тоҷикистон» бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира дар ҳамкорӣ бо рӯзноманигорони мисрӣ бо сифати баланд чоп гардидааст.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Миср

 

 

Ноябрь 21, 2025 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид