Намояндаи Тоҷикистон дар Анқара дастовардҳои китобдорӣ ва рақамикунонии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
ДУШАНБЕ, 21.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи оммавии Адиан Отюкени шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия ҷаласаи 7-уми директорони китобхонаҳои миллии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир гардид. Дар ин ҷаласа аз Тоҷикистон Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода иштирок дорад.
Ҳадафи баргузории ҷаласа мубодилаи таҷриба дар бахшҳои китобдорӣ, такмили донишҳои касбӣ, рушди ҳамкории минтақавӣ тавассути навовариҳои рақамӣ, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва густариши ҳамгироии иттилоотӣ байни кишварҳои аъзои Сохмони ҳамкории иқтисодӣ арзёбӣ гардид.
Ҷумахон Файзализода зимни ҷаласа иброз дошт, ки солҳои охир нақши китобхонаҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тағйир ёфта, онҳо ба зерсохтори муҳими фарҳангӣ, илмӣ, таълимӣ ва иттилоотӣ табдил ёфтаанд. Дар шароити ҷаҳони муосир иттилоот ба бузургтарин захираи стратегӣ барои рушди давлатӣ ва ҷомеа табдил ёфта, аҳаммияти он дар ташаккули худшиносии миллӣ ва маҷмуи маҳсулоти миллӣ пайваста меафзояд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Тоҷикистон то имрӯз низоми таҳияшудаи китобхонавӣ фаъолият мекунад, ки дар маҷмуъ 6084 китобхонаи вазорату идораҳоро дар бар мегирад. Китобхонаи миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маркази асосии иттилоотӣ ва ҳифзи мероси хаттии миллӣ фаъолият мекунад. Он дорои бузургтарин маҷмуаи ҳуҷҷатҳои миллӣ ва осори марбут ба таърих, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон мебошад. Феълан дар ин китобхона беш аз 3 миллион нусхаи чопӣ, 325 ҳазор нашрияи электронӣ ва китобхонаҳои шахсии академикони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд.
«Дар ганҷинаи осори хаттии ниёгони Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2300 асари таърихии халқи тоҷик ва дигар халқҳо ҳифз мешавад. Дар намоишгоҳи «Осорхонаи китоб» зиёда аз 100 нусхаи нодири дастнависҳои асрҳои XIII–XIX муаррифӣ гардид, ки хонандагон метавонанд онҳоро омӯзанд»,-иттилоъ дод директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон системаи нави автоматии иттилоотиро дар асоси барномаи китобхонаии ALEPH амалӣ кардааст, ки он дар фаъолияти китобхонаҳо дар саросари ҷаҳон васеъ истифода мешавад. Ин китобхона дорои 226 истгоҳи кории худкоравтоматӣ (AWS) буда, барои кобарон беш аз 400 истгоҳ таъсис дода шудааст.
Утоқи захираҳои электронӣ ба корбарон ҳуҷҷатҳои электрониеро, ки дорои маводи иттилоотӣ, истинодӣ, таълимӣ ва таҳқиқотӣ мебошанд, пешниҳод мекунад. Қисми зиёди маҷмуаи утоқи захираҳои электронӣ аз CD, DVD ва дигар дискҳои оптикӣ иборат аст. Хизматрасониҳое, ки дар ин утоқ пешниҳод карда мешаванд, дастрасии ройгон ба захираҳои интернетӣ ва пойгоҳҳои додаҳои матнии пурра аз бузургтарин марказҳои иттилоотии ҷаҳонро дар бар мегиранд. Утоқи захираҳои электронӣ 170 истгоҳи кории корбар дорад, ки ҳамаи онҳо автоматӣ мебошанд.
Дар даҳ моҳи соли 2025 1855 китоб баробар ба 506 ҳазору 220 саҳифа рақамӣ карда шуд, ки нисбат ба соли 2024 324 нусха зиёд мебошад. Бо назардошти талаботи корбарон соли 2025 12490 саҳифа китобҳо рақамӣ карда шуданд.
Дар айни замон маҷмуаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷкистон 354 ҳазору 021 китобро дар бар мегирад. 3 миллиону 444 ҳазору 436 китоб дар китобхонаи электронӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласа аз самти ҳифзи матбуоти даврӣ ёдовар шуда, гуфт, ки дар китобхона 1 миллиону 825 ҳазору 337 нусхаи рӯзномаю маҷаллаҳои чопӣ ва электронӣ нигоҳдорӣ мешаванд. Танҳо соли 2025 134 ҳазору 832 саҳифаи рӯзнома ва маҷаллаҳо рақамӣ карда шуданд.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Муъминобод шукуҳманд баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Варзоб ва Муъминобод баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Душанбе баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
Имрӯз дар боғҳои Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод ва Нуробод баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 228 нафар хатм намуданд
«ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Италия намоиши шоҳкорҳои беназири мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон доир мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод, Нуробод, Муъминобод ва Варзоб баргузор мегарданд
Роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар ёдгории бостонии Сайёд шинос шуд
РИОЯИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон барои блогерон даври омӯзишӣ гузаронида мешавад






