Гузоштани санги асос ба сохтмони бинои асосии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Душанбе, 14.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои асосии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оғози расмӣ бахшиданд.
Лоиҳаи ангории иншоот аз ҷониби ҶДМ «Суғд Шаҳрофар» дар шаҳри Хуҷанд таҳия карда шудааст.
Гузоштани санги асос ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Бинои Донишгоҳи мазкур бо шакли замонавии хоси таълими бо 13 ошёна сохта мешавад.
Тибқи иттилоъ дар ин бино имконаст, ки 5000 донишҷӯ дар як баст ба таълим фаро гирифта шаванд. Ба гуфти лоиҳакашони иншооти мазкур дар бинои асосӣ аслан утоқҳои кории роҳбарияти донишгоҳ, кафедраҳои мухталиф, толорҳои лексионию баргузории конфронсҳо, осорхона, китобхона, озмоишгоҳҳои гуногун, ошхона ва дигар шуъбаҳои ин муассисаи олии таълимии касбӣ ҷойгир гардида, 7 факулта ҷой дода мешаванд. Ҳамзамон як маҷлисгоҳи калон бо фарогирии ҳазору дусад нафар ҷойи нишаст бунёд хоҳад гашт. Дар асоси лоиҳаи теҳрезишуда масоҳати бинои сохта мешуда як гектарро ташкил дода муҳлати сохтмони он аз 3 то 5 сол ро дар бар мегирад.
Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лоиҳаи омода гашта дидан намуда баҳри бунёди бо сифати он тавсияхои зарури дод. Гуфта шуд, ки шароити хуби таҳсил барои ҷавонон имкон медиҳад, ки хар чӣ бештар кадрҳои бо лаёқат омода гардида дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳмгузор гарданд. Ба ҳамин хотир сардори давлат ба соҳаи илму маориф диққати бештар зоиҳир мекунанд.
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода шуд, ки рафти корҳои бунёдӣ зери назорати доимӣ қарор бигирад ва ҳамаи биноҳои таълимию ёрирасони донишгоҳи мазкур дар асоси лоиҳа бо сатҳу сифати баланд сохта шаванд.













Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд






