Гузоштани санги асос ба сохтмони мактаб бо 450 ҷойи нишаст дар ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз

Сентябрь 28, 2016 09:09

Душанбе, 28.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Баъди анҷоми маросими истиқболи гарму самимӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ҷамоати деҳоти Сағирдашт бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда барои сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 бо 450 ҷойи нишаст дар як баст оғоз бахшиданд.

Лоиҳаи сохтмони муассиса аз ҷониби ташкилоти лоиҳакашии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Абрис” омода гардида, фармоишгар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тибқи лоиҳа иншоот аз чор қисм иборат буда, дар онҳо биноҳои таълимӣ барои 450 ҷойи нишаст дар як баст бунёд мешавад.

Лоиҳаи мазкур аз 16 синфхонаи таълимӣ, синфхонаи лингафонӣ, кабинетҳои биология, физика, химия бо озмоишгоҳ, синфхонаи компютерӣ, синфхонаҳои технология, ҳуҷраи кории директор, ҳуҷра барои ҷаласаҳои кумитаи падару модарон, китобхона бо толори хониш, толори маҷлисгоҳ бо 250 ҷойи нишаст, ошхона барои 130 ҷой ва толори варзишӣ бо 200 ҷойи нишаст иборат хоҳад буд.

Арзиши лоиҳаи бунёди муассисаи таълимӣ 13 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Зимни шиносои бо лоиҳаи бино Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ва дигар шахсони масъул дастур доданд, ки муассисаро бо риояи талаботи меъморию шаҳрсозӣ бунёд карда, ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Аз рӯи таъкиди Президенти мамлакат бино бо маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, бояд солҳои зиёд ба насли зодаи истиқлол хизмати бедареғ намояд.

Сентябрь 28, 2016 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд