Хаймаҳои ҳоҷиёни тоҷик дар Мино омодаанд

Сентябрь 7, 2016 15:53

Макка, 07.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории мавсими Ҳаҷ-2016 вобаста ба сафарбарнамоии ҳоҷиён ба Мино корҳои омодагиро оғоз намуд. 6-уми сентябр як гурӯҳи 40-нафараи роҳбаладон бо роҳбарии масъули корҳои омодагӣ дар водии Мино Абдураҳмон Мавлонов ба Мино сафарбар гардиданд. Абдураҳмон Мавлонов мегӯяд, бо мақсади анҷом додани корҳои омодагӣ ҷиҳати тоза кардани мавқеи ҷойгиршавии ҳоҷиён ва муайян кардани ҷойҳои хоби онҳо дар Мино бо гурӯҳи роҳбаладон дар мавзеи Мино қарор доштем ва ҳоло ин мавзеъ барои будубоши ҳоҷиён комилан омода аст. Ба иттилои масъул, имсол дар Мино хаймаҳои ҳоҷиёни тоҷик бо ҷиҳози салқинидиҳанда, кӯрпачаву болинҳои наву тоза ва дигар шароити лозимӣ муҷаҳҳаз шудааст. «Гузашта аз ин, нуқтаҳои тиббӣ низ 24 соат дар хизмати ҳоҷиён хоҳанд буд».
Сафарбарнамоии ҳоҷиён ба Мино дар назар аст шоми ҷумъа, 9-уми сентябр оғоз гардад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим аз шаҳри Маккаи мукаррама хабар дод.

Сентябрь 7, 2016 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад