Ифтитоҳи бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
Душанбе, 11.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази навбунёди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро расман ифтитоҳ намуданд.
Чуноне иттилоъ дода шуд, бинои собиқи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бар асари лағжиши қитъаи замин дар ҳолати садамавӣ қарор гирифта, аз истифода берун гардида буд. Масъулин бошанд, то ин дам дар бинои қасри фарҳанг фаъолият мекарданд.
Бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз таҳхона, ду ошёна, 26 утоқи корӣ, 11 ҳуҷраи ёрирасон ва ошхона иборат мебошад. Ҳамаи утоқҳои корӣ бо тамоми шароити зарурӣ таъмин буда, онҳо дар фасли сармо тавассути шабакаи мустақили гармидиҳӣ, ки тариқи нерӯйи барқ кор мекунанд, гарм нигоҳ дошта мешаванд.
Масоҳати умумии иншоот 2 ҳазору 500 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди бино ду толори маҷлисӣ, яке бо ғунҷоиши 50 ва дигаре бо 300 ҷойи нишаст бо ҷиҳози лозима таъмин мебошанд.
Арзиши лоиҳавии иншоот 9 миллион сомониро ташкил дода, он пурра аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд маблағгузорӣ гардидааст.
Лоиҳаи бино аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Суғд ИНТИЗ» таҳия гардида, дар корҳои фармоишӣ идораи сохтмони асосӣ ва пудратчигӣ Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Манзили Кӯҳистон» саҳм гирифтаанд.
Бо мақсади тобоварии иншоот ба иқлими маҳал аз масолеҳи сохтмонии босиффат истифода шудааст.
Сарвари давлат ба шарту шароити дар бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фароҳамгардида шинос шуда, аз аҳли кормандон даъват намуд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо сатҳу сифати коргузориро беҳтар ба роҳ монанд.













Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд






