Ифтитоҳи Маркази иттилоотии туристӣ дар шаҳри Хуҷанд

Сентябрь 28, 2016 17:44

Душанбе, 28.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии туризм дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» -и шаҳри Хуҷанд барномаи идона баргузор гардид.

Дар он роҳбарияти Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва сокинону меҳмонони шаҳр иштирок намуданд.

Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар яке аз мавзеъҳои Маҷмааи  таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» Маркази иттилоотии туристӣ, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи тараққиёти туризми Зарафшон бунёд гардидааст, ифтитоҳ гардид.

Барои болида гардонидани хотири иштирокчиёни маҳфил аз ҷониби аҳли фарҳанги шаҳри Хуҷанд барномаи рангини фарҳангию фароғатӣ пешкаш карда шуд.

Сентябрь 28, 2016 17:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад