Ифтитоҳи меҳмонхонаи наву замонавӣ дар маркази ноҳияи Тоҷикобод

Сентябрь 26, 2016 08:16

Душанбе, 26.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маркази ноҳияи Тоҷикобод меҳмонхонаи наву замонавӣ, ки дорои 85 ҷои хоб мебошад, ифтитоҳ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди буридани лентаи рамзӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани меҳмонхона аз шароити фароҳамгардидаи дохили он дидан намуданд. Тавре аён гардид, тарҳи бино ва утоқҳои хобу дигар иншооти ёрирасони меҳмонхона ба таври замонавӣ, бо истифода аз нақшу нигори миллӣ ва мутобиқ ба талаботи меъморӣ бунёд карда шудааст. Ҳар як утоқи хоби иншооти мазкур барои ду нафар пешбинӣ шудааст ва дорои тамоми шароит мебошад.

Бинои меҳмонхона аз се ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 3 ҳазору 319 метри мурабаъро ташкил медиҳад. Иншоот аз 43 утоқ барои қабули меҳмонон ва 3 утоқи корӣ барои кормандон иборат аст. Дар ошёнаи якуми бино ошхона бо 50 ҷои нишаст сохта шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин бино соли 2011 оғоз ёфта, дар рӯзҳои таҷлил аз 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шудааст.

Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳакаш Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пажуҳишгоҳи илмӣ-лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯии САНИИОСП» мебошад. Корҳои бунёдиро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бунён», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бедак» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмони кулиён» бо ҷалби бештар аз 100 нафар мутахассисони маҳаллӣ анҷом додаанд. Маблағи ҷудогардида барои сохтмони меҳмонхона 9 милиону 823 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Зимни боздид аз утоқҳои хоб ва дигар иншооти ёрирасони меҳмонхона Пешвои миллат ба сифати кори сохтмончиён баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки бунёди чунин меҳмонхонаи замонавӣ бо шароити хуб дар ноҳияи Тоҷикобод барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба ин минтақаи дурдасти мамлакат мусоидат мекунад. Зеро меҳмонхона дар шафати шоҳроҳи аҳамияти байналмилалидоштаи Ваҳдат-Нуробод-Лахш-сарҳади Қирғизистон ҷойгир буда, барои масъулон имкон фароҳам меорад, ки дар баробари қабули меҳмонон аз дохили мамлакат инчунин хориҷиёне, ки тавассути ин шоҳроҳ мегузаранд, қабул намоянд.

Меҳмонхона бо тарҳи замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои сохтмонӣ дар маркази Тоҷикобод қомат афрохтааст ва намои он ба ҳусни ноҳия зебогии дигар зам мекунад. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншоот бештар аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Сентябрь 26, 2016 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон