Интерпол дар Душанбе вохӯрии сатҳи байналмилалӣ доир намуд

Сентябрь 20, 2016 10:58

Душанбе, 20.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе дар доираи лоиҳаи «Калкан»-и Ташкилоти байналмилалии полиси зиддиҷиноятӣ (Интерпол) вохӯрӣ дар мавзӯи «Ҷангҷӯёни террористии хориҷӣ: таҳдидҳо ва масъулиятҳо» ба кори худ шурӯъ намуд, ки дар он намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи 13 кишвари дунё иштирок доранд. Ҳадаф аз лоиҳаи мазкур муборизаи якҷояи кишварҳои аъзои Интерпол аз минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ мебошад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки бо назардошти вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа, таҳдиди ҷиноятҳои муташаккили замони муосир ба кишварҳои дунё нақш ва аҳамияти ташкилоти байналмилалии «Интерпол» ва лоиҳаи «Калкан» аз ҳарвақта дида бештар гардидааст. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои аъзоро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ бо ҷиноятҳои хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм, савдои одамон, гардиши ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва маводи нашъадор ва дигар зуҳуроти номатлуби нигаронкунандаи ҷомеаи имрӯза муборизаи беамон баранд.
Осиёи Марказӣ минтақаест, ки кишварҳои он сарҳади мураккаб ва роҳҳои пурпечутоб доранд. Аммо дар баробари муҳимияти равуои нақлиётию боркашонӣ, ин риштаи байниминтақавӣ ҳамчун интиқоли силоҳу муҳоҷирати ғайриқонунӣ, маводи нашъадор ва ҳамчунин гузаронидани ҷангҷӯёни ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шомилшуда аз як минтақа ба минтақаи дигар истифода мешавад.
Бо рушди равандҳои ҷаҳонишавӣ фаъолияти ташкилотҳои террористию экстремистӣ низ хусусияти фаромиллӣ пайдо карда истодааст, ки хатари он ба амнияти кишварҳои дунё таҳдид мекунад.
Ташкилоту гурӯҳҳои дорои хусусияти террористию экстремистӣ, аз қабили «Ал-Қоида», «Ҷундулло», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ансоруллоҳ», «Толибон», «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат-ан-Нусра», «Гурӯҳи 24», ҳаракати динии «Салафия», «Ҳизб-ут-Таҳрир», Ҷамоат-ул-Исломӣ», «Бародарони мусулмон», «Лашкар-ут-Тайиба», Гурӯҳи исломӣ, ҷамъияти «Таблиғот» ва дигарон кӯшиш доранд, дар як ҷабҳа вазъияти ҷамъиятӣ-сиёсии минтақаро халалдор созанд.
Бинобар ин, кишварҳои минтақа бояд механизми ҳамкориро коркард намоянд, ки он ҳаракат ва интиқоли ҷангҷӯёнро ба минтақаҳое, ки дар он ҷо амалиёти ҷангӣ мераванд, пайгирӣ карда тавонанд.
Лоиҳаи «Калкан», ки аз ҷониби Котиботи генералии Интерпол роҳандозӣ шудааст, дар мубориза бо терроризм дастгирии муҳим ва саривақтӣ мебошад. Ин лоиҳа аз намунаҳои беҳтарини ҳамкории байналмилалии политсия дар самтҳои гуногун ба ҳисоб меравад. Роҳҳои ҳаракати террористон аз масъалаҳои муҳими баррасишавандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои дунё мебошад, ки оқибати ҷиноятҳои даҳшатборро дар худ дорад.
Роҳбари лоиҳаи «Калкан» Окан Айсу ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои баргузории ин чорабинии судманд изҳори миннатдорӣ намуда, зикр намуд, ки ҳамкории миёни кишварҳои аъзои Интерпол дар доираи лоиҳаи «Калкан» дар самтҳои мубодилаи иттилоот, дастгир гардидани шахсони дар кофтуков қарордошта, масъалаҳои наздисарҳадӣ сол то сол тақвият меёбанд. Натиҷаи ин ҳамкориҳост, ки шумораи маълумоти дахлдор, дастгир гардидани шахсони дар кофтуков қарордошта, ошкори далелҳои нави гурехтан аз дастгиршавӣ, аз қабили ҳуҷҷатҳои сохтакоришуда, истифодаи ҳуҷҷати шахси дигар ва ғайра ба тадриҷ зиёд гаштааст. Ташкилоти Интерпол омода аст минбаъд низ чунин ҳамкориро тақвият дода, дар роҳи пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ саҳми худро гузорад.
Намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, подполковники милитсия Шодӣ Ҳафиззода аз натиҷаи фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар самти мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, аз ҷумла терроризм, экстремизм, савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии силоҳ ва маводи нашъадор мухтасар маълумот дод. Номбурда зикр намуд, ки Вазорати корҳои дохилӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои аъзои ташкилоти байналмилалии Интерпол ҳамкории мутақобилан судманд дошта, ин ҳамкорӣ боз ҳам тақвият меёбанд.
Дар чорабинӣ тибқи рӯзномаи он ҳамчунин намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, генерал Саид Афандӣ, намояндаи ВКД Ҷумҳурии Озарбойҷон полковник Васиф Гасимов бо маърӯзаҳои худ бобати мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, фаъолияти мақомоти дахлдори ин кишварҳо дар ин самт, мушкилоти ҷойдошта ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ибрози назар намуданд.
Дар қисмати танаффусии вохӯрӣ вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳамсоякишвар- Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мулоқот доир намуда, масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, мубодилаи иттилоот, ҳамкории наздисарҳадӣ ва дигар мавзӯъҳои дахлдорро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вохӯрии сатҳи байналмилалӣ дар мавзӯи «Ҷангҷӯёни террористии хориҷӣ: таҳдидҳо ва масъулиятҳо» ду рӯз- 19-20 сентябр идома ёфта, иштирокчиён оид ба имкониятҳои ҳамкории кишварҳои худ дар самти мубориза бо ҷиноятҳои умумӣ сухан гуфта, таклифу пешниҳодҳо ироа менамоянд.

Сентябрь 20, 2016 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод дар мавзуи хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамоиши ҷавонон доир шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» ҷамъбаст гардид
Вобаста ба мавзуи ҳифзи сирри давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма машварати омӯзишӣ доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфи соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Брюссел дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба аъзои беҳтарини Лигаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол доир гардид
Ҳунармандони Беларус ба сокинони шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон масоили мубориза бо экстремизм ва терроризм баррасӣ шуд
Барои хизматчиёни давлатӣ машғулияти такмили ихтисос гузаронида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
Дар Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити муосир конференсия баргузор гардид