Иштироки Пешвои миллат дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва оғози ғунучини пахта дар маҳаллаи «Бахт»-и ноҳияи Зафаробод
Душанбе, 12.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Баъди ба истифода додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Бахт» аз ҷараёни оғози ғунучини пахта ва фаъолияти соҳаи кишоварзии ноҳия шинос шуданд.
Тавре аён гардид, дар хоҷагии деҳқонии «Бахт» ҷамъоварии ҳосили пахта тавассути мошинҳои махсуси пахтачинӣ сурат мегирад. Ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки имсол аз ҷониби хоҷагии деҳқонии «Бахт» дар майдони 10 гектар кишти пахта гузаронида шудааст ва ҳосилғундорӣ дар ин хоҷагӣ пурра бо истифода аз техникаҳои пахтачинӣ ба роҳ монда мешавад. Дар маҷмуъ дар ноҳияи Зафаробод бошад имсол хоҷагидорон дар майдони 9 ҳазору 325 гектар пумбадона кишт намудаанд, ки ҳосили қариб 300 гектари он тавассути техникаҳои махсуси пахтачинӣ ҷамъоварӣ карда мешавад.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки маҷмуъан кишоварзони ноҳияи Зафаробод имсол дар майдони 6 ҳазору 600 гектар ғалладонагиҳо, 8 гектар картошка, 416 гектар сабзавот, 1 ҳазору 300 гектар полезиҳо ва 9 ҳазор гектар зироати хӯроки чорво кишт намуданд ва масоҳати умумии боғу токзор дар ноҳия бошад 976 гектарро ташкил медиҳад.
Аз рӯйи ҷамъоварӣ ва муайян кардани ҳосили интизории пахта аз тарафи мутахассисон дар назар аст, ки имсол хоҷагиҳои пахтакории ноҳия то 20 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд ва ин нишондод нисбат ба соли гузашта 6 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Сипас Сарвари давлат дар намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Зафаробод, ки дар ҳамин хоҷагӣ ташкил гардида буд, иштирок намуданд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни тамошои намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ба фаъолияти самарабахш ва натиҷаҳои назаррасу дастовардҳои хоҷагидорони ноҳия баҳои баланд доданд. Дар намоишгоҳ аҳли заҳмати ноҳия бештар аз 40 номгӯйи маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили полезиҳо, ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо, мевагиҳо, хушкмевагиҳо, маҳсулотҳои нонӣ ва асалро, ки дар хоҷагиҳои кишоварзии 5 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия истеҳсол карда мешавад ба маъраз гузоштанд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки маҳс бо меҳнати пайваста ва фидокорона мо метавонем ба амалишавии яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-таъмини амнияти озуқаворӣ ноил гардем ва дар ин замина сатҳи зиндагии мардуми кишвар беҳтару хубтар шавад. Тибқи иттилоъ дар ноҳияи Зафаробод 3 ҳазору 786 хоҷагиҳои кишоварзӣ мавҷуд аст, ки аз ин шумора 3 ҳазору 639 ададаш хоҷагиҳои деҳқонии инфиродии оилавӣ мебошад. Имсол дар маҷмуъ аҳли заҳмати ноҳия дар масоҳати 28 ҳазору 255 гектар кишти зироати гуногуни кишоварзӣ гузаронида аз он ҳосили дилхоҳ ба даст меоваранд.
















33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон






