Истиқлолият – ин худшиносист (Оид ба нақши асари  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар худшиносии таърихию фарҳангии миллати тоҷик)

Сентябрь 27, 2016 12:24

 

kitobДушанбе, 27.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Соҳибистиқлолӣ падидаи барҷастаи таърихию фарҳангӣ, рамзи асолату ҳувият, нишонаи ҳастию бақои миллати тоҷик мебошад. Истиқлолияти давлатии тоҷикон дар шароите таҷлил гардад, ки миллати тоҷик 25 соли вазнину сангин, нишебу фароз, шодию нишотро паси сар намуда, дар айни ҳол роҳу усулҳои боз ҳам мукаммалтари расидан ба зиндагии орому осуда, тантанаи суҳу ваҳдат, амнияти пойдор, камолоти ақлонию имкониятҳои беҳтари моддию маънавӣ, фарҳанги волою фазилатҳои наҷиби ахлоқиро ҷустуҷӯ менамояд. Имрӯз мо дар марҳилаи хеле ҳассос ва таърихӣ қарор дорем. Вазъи ноороми ҷаҳони муосир, авҷ гирифтани равияҳои гуногуни бегонаи динӣ –иртиҷоӣ, ки ба анъана, расму ойин, таъриху фарҳанги мо ягон иртибот надоранд, миллати тоҷикро водор месозанд, ки  аз ҳарвақта дида бештар ба сулҳу ваҳдат, ҳамдилию ҳамкорӣ, ахлоқи ҳамида, худшиносии таърихию фарҳангӣ рӯ биёрад. Дар ҳалли ин масъалаҳо, яъне эҳёи суннатҳои таърихию фарҳангӣ ва дар ин рӯҳия ташаккул ва такомул ёфтани худшиносии миллат асари бунёдии арбоби намоёни давлатию сиёсӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» нақши муассир дорад, чунки маҳз ҳувияти миллӣ, шуури таърихӣ ва худшиносии фарҳангӣ  миллатро устувор нигоҳ дошта, ба вай рӯҳу қувваи тоза бахшида,  ба тамаддуни муосири ҷаҳонӣ ворид месозад.  Бинобар ин, дар раванди ҷашни соҳибистиқлолӣ мо яке аз дастовардҳои  волои маънавии миллати тоҷикро дар рӯй овардани он ба арзишҳои таърихӣ ва  фарҳангӣ мебинем.  Чунки ин арзишҳо миллатро муттаҳид намуда, ба сӯи сулҳу ваҳдат, шукуфоӣ, осоиштагӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ мебаранд.

Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» маҳсули андешарониҳои амиқи муаллиф доир ба таъриху фарҳанги  бисёрасраи халқи тоҷик мебошад. Саҳифаҳои дурахшони давраҳои гузаштаи таърихиро варақ зада, таҳлил намуда, муаллиф дар хусуси муборизаҳои халқи тоҷик барои ҳифз ва таҳкими давлат­дорӣ ва истиқлолият давлатӣ мулоҳиза ронда, бо далелҳои шайъӣ собит менамояд, ки фа­ромӯш кардани ҳофизаи таърихӣ ва муносибати саҳлангарона ба таърих ва муқаддасоти миллат оқибат ба таназзули рукнҳои давлатдорӣ ва ис­тиқлолияти миллӣ оварда мерасонад. Таҷрибаи талхи воқеаҳои солҳои охир ба ин мисол шуда метавонад. Вақте ки таърихи миллат ва давлат аз хотирҳо зудуда шуда, ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ коҳиш ёфт, душманони халқи тоҷик тавассути тарғиботи таълимоти беарзиш, фитнаангез, ҷудоиандозонандаи мазҳабию динӣ мардуми аз лиҳози сиёсӣ камтаҷрибаро ба кашмакашҳои хавфнок ва муноқишаҳои ҳарбӣ кашонданд, ки он мавҷудияти миллати тоҷик ва давлати тозабунёди соҳибистиқлолро дар зери хатар гузошт.

Муаллиф доираи васеъи масъалаҳои муҳими ҳоло наомӯхтаи таърихи тоҷиконро  пеши назар оварда, дар сарсухан таъкид менамояд, ки вай дар назди худ  мақсад нагузоштааст ба ҳамаи саволҳо ва масъалаҳои таърихи гузаштагон ҷавоби мушаххас диҳад. Диққати муаллифро, пеш аз ҳама,  ҷанбаҳои   асосии пайдоиш ва инкишофи давлатдории миллии тоҷикон дар аҳди Сомониён  ҷалб намуда, таваҷҷуҳи хоса ба    ме­роси пурғановати фарҳангии халқи тоҷик ва марҳилаҳои асосии тақдирсози таърихи гузашта, ки дар  ташаккули худшиносии миллӣ нақши  боризе доранд, ҷалб намудаанд.

Муаллиф, пеш аз ҳама, проблемаҳои таърихи миллат ва давлатро таҳлил намуда, роҳҳои халосӣ аз бегонапарастӣ ва тақлиди кӯр-кӯронаи маданият ва расму ойинеро, ки ба миллати тоҷик ягон иртиботе надоранд ва ҳамзамон монеаи ҷиддие дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлол мебошанд, мавриди омӯзиш қарор дода менависад: «Мо мехоҳем, ки дар зери парчами гузаштагони бузурги хеш гирд омада, истиқлолияту якпорчагии ватани азиз, иттиҳоду ваҳдати ҳамагониро пеша намоем ва давлати  воқеан ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро бунёд созем».

Чунин суханони Эмомалӣ Раҳмон қобили таваҷҷуҳ мебошанд, ки истиқлолият ин шаъну ша­рафи ҳар фарди ватанпарвар, ифтихор аз давлату миллат, кӯшиши ҳар як шаҳрванд баҳри худогоҳию  худшиносӣ мебошад, зеро танҳо миллате ифтихори миллӣ дошта метавонад, ки  худшиносу худогоҳ бошад.

Миллате, ки қадри таърих, фарҳанг, забон ва адабиёти худро намедонад, ба анъана ва ар­зишҳои фарҳангии худ арҷгузорӣ намекунад, гумон аст, ки истиқлолияташро ҳифз карда тавонад. Ин проблема бахусус баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар арсаи ҷаҳонӣ пайдо шудани  давлатҳои мустақил ва соҳибистиқлол ба яке аз мавзӯъҳои мубрами рӯз табдил ёфт.

Мо равшан дида истодаем, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи одамон ба таъриху махсусиятҳои миллӣ ва фарҳанги  ниёгони худ босуръат афзуда истодааст.  Бесабаб нест, ки имрӯз та­ърих ва мероси фарҳангии гузаштагонамон, махсусиятҳои миллии халқ аз иқтидори иқтисодию низомӣ муқаддамтар дониста мешаванд. Акнун ҳар шахс мекӯшад, ки дар сарнавишти таърихии аҷдоди худ на танҳо лашкаркашони шӯҳратманд, ки дар набардҳо ғалаба ба даст меоварданд, инчунин шахсиятҳоеро ҷустуҷӯ намояд, ки ҳаёти худро ба санъату адабиёт ва илму ҳунар бахшидаанд. Мутаассифона, дар ин раванд баъзан дар асарҳои зиёиёни давлатҳои ҳамсоя баёни бардурӯғ, бофта баро­вардан ва ҳатто ғорат ва зӯран аз худ кардани мероси таърихӣ ва фарҳангии дигарон роҳ дода мешаванд. Бидуни чунин зуҳуроти номатлуб дар айни ҳол таърихи ватан ҳамаҷониба омӯхта шуда, ба яке аз шохаҳои бонуфуз ва ояндадори  илми тоҷик табдил ёфта истодааст.

Ба ақидаи муаллиф гузаштаи халқ, мероси бои таърихӣ, решаҳои таърихию фарҳангӣ,  анъана, маросимҳо ва расму ойин дар Ватани мо ҳам боиси таваҷҷуҳи ҳамагон гардидаанд. Ва албатта, саволе ба миён меояд, ки дар ин таваҷҷуҳ чӣ бештар аст: бедоршавии худшиносии миллӣ, эҳсоси надомат нисбат ба поймол кардани хотираи таърих, тарс, ҳарос аз воқеияти имрӯз ва ё нобоварӣ ба фардо? Маълум аст, ки ҳамаи ин саволҳо заминаи воқеӣ доранд. Аммо аз ҳама муҳимаш дарки  алоқаи ногусаста доштани тақдири шахс бо  таъриху маданияти ӯ мебошад. Халқ то вақте зинда аст, ки хотироти таърихию фарҳангиаш зинда бошад, то вақте ки забон, расму ойинашро  гум накарда бошад.

Эътиқоди имрӯзаи  одамон ба таърихи гузашта ва фарҳанги оламшумули тоҷик, арҷ гузоштан ба офарандагони арзишҳои ин фарҳангӣ   аз   рӯ овардан ва умед бастан нисбат ба ҳама гуна таълимоти  аҳзоби сиёсӣ, таълимоти бегонаи динӣ (чи тавре, ки мо дар гузаштаи на чандон дур ба чунин  равияҳо ва таълимот боварии комил доштем), волотар ва арзишмандтар мебошад.

Мансубияти инсонро  ба таърих ва фарҳангаш аз лиҳози биологӣ ва генетикӣ шарҳу эзоҳ додан имконнопазир аст. Инсон худро наметавонад танҳо дар асоси баромади биологию антропологӣ ба фарҳангу таърихи худ пайваст намояд.  Аз ин лиҳоз тоҷик будан бо  хун ва тоҷик будан бо фарҳанг ба куллӣ фарқ мекунад. Таҷрибаи таърихии  на­чандон  дур тасдиқи фикрҳои боло мебошад. Магар он «ғалату хатоҳои» фоҷиа­ангез кори дасти тоҷикони бо хун набуд, ки дар мавриди тақсимбандии ҳудудию миллии Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон соли 1924 рух доданд?  Ва саволе ба миён меояд, ки ин космополитҳо киҳо буданд?  Тоҷикони бо хун ё тоҷикони бо фарҳанг?

Табиист, ки ҳар як инсон бояд забон, таърих ва фарҳанги хешро хуб донад ва ҳамчун дастур сармашқи зиндагӣ ва кору пайкори худ гардонад. Ин  ҳукми қо­теъест, ки ҳар як фарди зиёӣ, олим ва ё арбоби давлатиро барои донистан ва барқарор намудани ҳақиқати таърихӣ водор месозад. Вале саволе ба миён меояд, ки оё танҳо дониш моро баҳри ин амал такон медиҳад? Худ қазоват кунед! Масалан, ман таърих, таълимот, анъана ва эътиқодоти насрониёнро меомӯзам, ва дар натиҷа  моҳияти дини насрониро хуб медонам. Оё ин маънои онро дорад, ки ман насронӣ шудам? Албатта, не. Донистани дин маънои диндор шуданро надорад. Ҳамин тавр дониши таърихӣ инсонро олим ва донишманд мегардонад, вале он ҳоло маънои  маданиятнокӣ ва фарҳангсолориро  надорад.  Яъне донистани таъриху фарҳанг  ва тибқи арзишҳои таърихию фарҳангии миллат зиндагӣ ва амал кардан аз ҳам фарқ  мекунад.  Ҳамчунон мо бояд дар байни донишҳои таърихию фарҳангӣ, ки   аз тадқиқоту  кашфиёти илмӣ бармеоянд ва эътиқод, дӯст доштан, эҳсоси мансубияти шахсӣ ба ин таъриху фарҳанг фарқият гузорем. Мо худ шоҳиди  кашфиёти пурарзиши таърихию фарҳангие мебошем, ки дар асарҳо ва мақолаҳои муҳаққиқон ба табъу нашр мерасанд. Аммо, мутаассифона, бо сабабҳои гуногун на ҳамаи онҳо ба омили муҳими худшиносии миллӣ табдил меёбанд. На ҳамаи онҳо барои инсон  воситаи муҳими ҳаммонанд (идентификатсия), худ ба таъриху фарҳанги хеш мегарданд Ҳол он ки ниёз ба чунин худшиносӣ барои инсони имрӯза, ки оид ба мансубияти таърихии худ фаъолона андеша меронад, бениҳоят зиёд аст.

Халқ дар сурате  ба худшиносии таърихӣ мерасад, ки таърихи худро эҷод намояд,  пеш барад  ва бо дастовардҳои бузурги иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавӣ  онро  ғанӣ гардонад. Худшиносии таърихии инсон аз рафтор, тарзи ҳаёт ва кору пайкору ӯ зич вобаста аст.

«Шубҳае нест, ки,-зикр мекунад  Эмомалӣ Раҳмон, — яке аз сарчашмаҳои асосии худшиносии миллӣ маҳз дӯст доштан ва рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихору қаҳрамононаи халқи худ, ҳифз ва инкишофи мероси маънавии ниёгон ба шумор меравад».

Дар  ин замина муаллиф таъкид менамояд, ки мо бояд аз омӯзиш ва  эҳёи нусхабардоронаи таъриху фарҳанги қа­дима ва асримиёнагии тоҷикон даст кашем. Ва таърихро чи тавре ки буд ва эҷод  шуд, ҳамон тавр омӯзем, аз вай сабақ гирем, то ки хатоиҳо ва иштибоҳҳои гузаштагонамонро  дар давраҳои гуногуни таърихӣ такрор накунем. Дар таърих ҳама ҳодисаҳо як бор ба вуқӯъ мепайванданд. Таърихи инсоният бебозгашт ва такрорнашаванда аст. Масалан, таҷрибаи давлатдории Сосониён дорои хусусиятҳои хоси худ буда, ба таври худ нодир ва арзишманд аст. Муаллиф мехоҳад бори дигар хонандаро гӯшрас намояд, ки мо бояд мероси пурғановати фарҳангию таърихиеро, ки аҷдодони мо дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаанд, ҳифз ва нигоҳ дорем. Аммо онро айнан такрор ва нусхабардорӣ накунем. Чунки таҷрибаи таърихӣ ва фарҳангии  гузаштагонамон  минбаъд, яъне баъди чандин даҳсолаҳо ва ҳазорсолаҳо, дар шакли тамоман дигар,  дар намуди дигар зоҳир шуда, идома меёбад. Ва агар мо хоҳем, ки фардои боэътимод дошта бошем, бояд пайвастагии имрӯзу гузаштаро хирадмандона ва боэҳтиромона ба роҳ монем  ва ба  гузаштаи  худ ҳамчун ба мактаби ҳикмат, ахлоқ, давлатдорию донишомӯзӣ нигоҳ кунем.

Дар ин ҷо муаллиф ба чанд масъалаи сирф назариявию методологӣ рӯ ба рӯ мешавад. Чӣ тавр метавон имрӯзро бо гузашта пайваст намуд, дар сурате, ки  ҳаёти имрӯза ҷиҳатҳои тамоман навро дорост? Чӣ тавр аз он ғояҳо, ақидаҳо ва таълимоти ифротие, ки дар таърихи миллати мо рух дода буданд ва ҳоло барои миллати мо хатарнок мебошанд, раҳоӣ ҷӯем?

Эмомалӣ Раҳмон ба ин савол ҷавоби эътимодбахш дода, қайд менамояд: «Мо ба гузашта ба хотири парастиши содалавҳонаи ниёгон не, балки барои тақвияти рӯҳи созандагӣ, бузургдошти хотираи нахустаҷдоди роҳкушои мо, ки дар дарозои таърих ба иқдомҳои нав камар баста, ба дастовардҳои бузургу ғайриоддӣ ноил гаштаанд, рӯй меоварем. Охир, як сарчашмаи воқеии худшиносии миллӣ, қабл аз ҳама бунёди давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддуну мероси фарҳангии ниёгон ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошанд. Воқеан мактаби худшиносӣ, истиқлолият ва давлату давлатдории миллӣ баробари чандин омилҳои объективию субъективӣ боз як омӯзгори хеле сахтгиру нуктасанҷе дорад, ки онро таърих меноманд. Сабақҳои ибратомӯзи таърих роҳи гузаштаву имрӯзу ояндаро пешорӯи мо қарор дода, чун ҳакими одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушояд».

-Мо, давом медиҳад фикрашро муаллиф,- ба таърих ҳамчун ба мактаби таҷрибаи ҳаёт, худшиносии миллӣ, дарси давлату давлатдорӣ, соҳибистиқлолӣ ва баҳри амиқ фаҳмидани имрӯзу оянда рӯ меорем ва онро меомӯзем.

Барои асоснок намудани хулосаҳояш муаллиф ба  манбаъ ва сарчашмаҳои гуногуни эътимодбахши таърихӣ рӯ оварда, баҳси  илмӣ ороста, ба мисли  «хиради кулли» Гегел сайри дарки таърихи ҷаҳонӣ карда, давраҳои асосии камолот ва ташаккули халқи тоҷик ва фарҳанги онро дар заминаи равандҳои ҷаҳонӣ борикбинона ва мӯшикофона  нишон додааст.

Муаллиф бо таассуф таъкид мекунад, ки таърихи халқи тоҷик пур аз ҳодисаҳои фоҷиабор ва даҳшатангез аст. Мисоли равшани ин гуфтаҳо аз тарафи кӯчиёну ғоратгарон вайрону валангор шудани ҳазорҳо масоҷиду хонақоҳҳо, шаҳрчаҳою қалъаҳо, қасрҳои муҳташами шоҳон ва сарзаминҳои ҳосилхезу шукуфон шуда метавонад. Халқ аз ҷониби ғосибони бегона борҳо таъқибу таҳқир дидааст, вале ҳеҷ гоҳ аз асолати миллии худ даст накашидаст. Дар ҳеҷ гуна вазъият ӯ шараф, номус ва ифтихори миллии худро аз даст надод. Забону фарҳанги худро гум накард. Ба ҷисму рӯҳи ӯ гарду чангу ғубори таърих ҳам сироят карда натавонистааст.

Дар давоми ҳазорасолаҳо халқи тоҷик на як бору ду бор  ба тохту този  бегонагон муқобилият нишон дода, ҳуҷуми ғосибонро  баргардонидааст. Дар баробари ин тамаддуни бегонагонро бо дастовардҳои беназири фарҳангии худ ғанӣ намуд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо бархӯрди фарҳанги ориёӣ ва юнонӣ шуда метавонад. Манбаъҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки  фарҳанги рахнагару фарогири юнонӣ дар Аврупо, Ховари миёна ва Миср чунон фарогир шуд, ки давронеро бо номи Эллинизм ба вуҷуд овард  ва дар натиҷа дар забону фарҳангу мазҳаби яҳудиёну масеҳиён нақши устуворе бар ҷо гузошта, қонуни динҳои онҳо ба забони юнонӣ ва дар фарҳанги юнонӣ гирдоварӣ шуданд. Аммо вай натавонист дар муқобилат ба фарҳанги ориёӣ пойдорӣ кунад, вайро коҳиш диҳад ва андешаи ориёиро махлут созад. Ба назар чунин мерасад, ки ойину андешаи ориёӣ ҳеҷ гоҳ ба пазириши фармонҳои юнонӣ  тан надод ва фикру афкори ориёӣ юнонимаоб нашуд. Аммо то андозае Юнон ба ориёмаобӣ сар фуровард ва дар натиҷа ориёҳо вижагоҳ ва сохтори ҳокимияти ахлоқии худро  дар баробари истиқлоли сиёсӣ эҳё карданд.

Бо чунин назардошт, бо ифтихори хосса Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси он ишора мекунад, ки ҳамеша фарҳанги волои мағлубшудагон бар ғолибони дорои маданияти пасттар дастболо мегардид ва тантана мекунад. Шамшери рахнагар дар назди қалами эҷодгар сари таъзим фурӯ меоварад.

Муаллиф ҳамчун тадқиқгари комилан касбӣ бо далелҳои раднашаванда алоқамандии омилҳои табиию иқлимӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва рӯҳиву маънавиро, ки дар натиҷа ба ташаккул ва инкишофи тамаддуни халқи тоҷик мусоидат наму­данд ва мероси маънавии ӯро ғанӣ гардонидаанд, мавриди таҳқиқ қарор медиҳад. Дар қатори дигар омилҳо муаллиф ба бунёди роҳҳо диққати махсус медиҳад. Оид ба аҳамият ва зарурати роҳҳо дар инкишофи тамаддун ва давлат Эмомалӣ  Раҳмон менигорад: «Тавассути Шоҳроҳи бузурги абрешим ба сарзамини аҷдодии мо на танҳо молу матоъ ва маводи рӯзгор интиқолу мубодила мегардид, балки осори тамаддуну фарҳанг ва арзишҳои маънавӣ роҳ меёфт. Роҳи бузурги абрешим бо роҳу пайраҳаҳои  сершумораш дар ҷисми сарзамини ниёгони мо- Бохтару Суғди қадим мисли рагҳои хунгарде буд, ки ҳаёти маданиву иқтисодии шаҳрҳоро ба гардиш меовард, бунёди бозору корвонсаройҳоро тақозо мекард, ба рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи ҳунармандӣ мусоидат менамуд». (Китоби якум. Саҳ.17).

Ҳамин тавр, ба ифодаи муаллиф, роҳҳо минтақаҳоро бо ҳам  алоқамандӣ мебахшиданд, ба ривоҷи савдо му­соидат мекарданд, ба рафтуомади халқҳо ва мамлакатҳо тавсиа мебахшиданд ва ба ин восита ба ғанӣ гардидани маънавиёти табақаҳои иҷтимоию маданӣ шароит фа­роҳам меоваранд. Роҳи Бузурги абрешим чун дигар роҳҳои бешумори алоқа дар тӯли асрҳо ба инкишофи мамлакатҳо, пешгирии буҳронҳои иқтисодӣ, таҳкими шаъну шукӯҳи давлат ва афзудани арзишҳои мадании халқи тоҷик ёрӣ расонд.

Дар китоб ба таври рӯшан сарзамини қадимаи Бохтар, ҳамсоли оғозёбии таърихнависӣ, макони устураҳои қадима ва афсонаҳо, музеи абадии таърих тасвир меёбад. Барои намуна, муаллиф Хазинаи Амударёро мисол меорад, ки дар он ашёи қадимаи таърихнигорон ва археологҳои ҷаҳонро ба ҳайрат оварда нигаҳдорӣ мегардад. Кашф кардан ва дастраси хонандагону муҳаққиқон гардонидани  ин хазина боиси боз ҳам равшан сохтани яке аз саҳифаҳои торики таърихи миллати мо мегардад. Боиси тазаккур аст, ки муаллиф дар ҳар нишонаи қадимаи таърихӣ,  ҳар бо­зёфти археологӣ  на танҳо иртиботи наслҳои имрӯзаро бо таърихи гузашта, балки пайвастагиеро бо санъату анъанаҳои ниёгони халқи тоҷик дармеёбад. Ҳатто  мулкҳои аҳолинишини вайроншуда ва ба харобазор табдилёфта та­ваҷҷуҳро ба гузашта бедор менамоянд ва  бори дигар  ин­сонро водор месозанд, ки аз таърих сабақ гирад ва роҳ надиҳад, ки чунин фоҷиаҳо бори дигар такрор шаванд.

Инсон ҳамеша ба гузаштаи худ назар мекунад ва аз он оид ба саволҳои имрӯза: чӣ тавр бояд зист, ба кадом самт бояд ҳаракат кард, баҳри чӣ бояд кӯшид, ҷавоб меҷӯяд. Дар ҳақиқат таърих ҳамеша аз мавқеъ ва талаботи замони ҳозира таҳқиқ  мешавад. Фишанги огоҳии таърихӣ ҳамеша дар ҳама замонҳо воқеияти таърихӣ — ҳолати феълӣ маҳсуб мешавад. Таърих пули маънавиест, ки аз вартаи замонҳо мегузарад, вай пулест, ки инсонро аз гузашта ба имрӯз бурда, ба оянда равона месозад.

Бо мурури замон дар ҳаёти халқ бисёр чизҳо тағйир меёбанд. Насли нав дар шароити нав зиндагӣ карда, дорои андешаву тафаккури нав мегардад. Вале дар фарҳанги миллат як падидае вуҷуд дорад, ки  новобаста аз дигаргуниҳо ва пасту баландиҳои замон устувор мемонад. Ва ин падидаи устувор ва тағйирнопазир анъана, расму ойини миллӣ мебошад.

Мо, насли имрӯза беҳтарин чизҳоеро, ки ба аҷдодамон мутааллиқ буд, мерос гирифтем. Анъана ҳар қадар, ки дар қаъри асрҳо решаи чуқур дошта бошад, ҳамон қадар ягонагӣ ва ваҳдати миллатро  мустаҳкамтар менамояд. Аз ин рӯ,  рӯҳи Бохтару Суғд, шуҳрати ҷангии Спитамен, Исмоили Сомонӣ ва Темурмалик барои мо ҳамеша азиз  ва наздик аст. Инҳо арзишҳое мебошанд, ки дар рафъи ҳар гуна душворӣ ба мо ёрӣ мерасонанд.  Онҳоро ба ёд оварда, мо ба оянда бо умед нигоҳ мекунем ва устуворона қадам мегузорем.

Дар асар омадааст, ки ҳар як инсон бояд муқаддасоти хешро дошта бошад. Бе муқаддасот инсон наметавонад  кору зиндагӣ карда, ба мақсади ниҳоии худ расад. Ҳар як миллати мутамаддин арзишҳои худро дорад.  Дар илми фалсафа муқаддасотро арзиш меноманд. Мо бештар дар бораи онҳо аз минбарҳои баланди давлатӣ ва дар мубоҳисаҳои илмӣ сухан меронем. Яке аз чунин муқаддасоти миллат шиносномаи аҷдоди ориёҳо «Авасто» мебошад. Ба ин рисолаи таърихӣ дар асари худ Эмомалӣ Раҳмон диққати махсус медиҳад.  Дар асоси таҳқиқи амиқи сарчашмаҳои нодири таърихӣ ва таҳлили матнҳои худи «Авасто», муаллиф аҳамияти  ин ёдгории таърихиро дар омӯзиши паҳлуҳои гуногуни таърих, адабиёт,  санъат, усту­рашиносӣ, фалсафа, диншиносӣ, кайҳоншиносӣ, ситорашиносӣ, ҷуғрофия ва илмҳои дигар  махсус қайд намудааст. Матнҳои «Авасто» оид ба илм ва тарзи зиндагию маишии халқҳои ориёӣ, анъанаву суннатҳои онҳо маълумоти зиёде медиҳанд. Дар ин матнҳо тасавву­роти нахустини аҷдоди мо оид ба хайру шарр, усулҳои  тарбияи фарзандон, муно­сибати эҳтиромона ба замин, об, оташ ва ғайра инъикос ёфтаанд. Маҳз дар ҳамин асос Эмомалӣ Раҳмон китоби «Авасто»-ро донишномаи нахустини аҷдодамон, гаҳвораи тифлии онҳо, ганҷинаи нахустини фарҳанги ориёӣ, гузаштаи тоҷикон ва бисёр халқҳои дигар номидааст. Ин китоб аз тақдири бобову падарони мо дар давраи ибтидои ташаккули миллату тамаддуни тоҷик паём медиҳад. Он таҷрибаи дастҷамъонаи халқ аст, ки шароити ҳаёташро мунъакис кардааст. Аҳамияти таърихии «Авасто»-ро ҳамчун эҷоди бебаҳои афкори умумибашарӣ, ва яке аз китобҳои бузургтарини ҳама давру замонҳо, ки дар инкишофи тамаддуни дунё нақши бузург бозидааст, қайд намуда, Эмомалӣ Раҳмон  зикр мекунад, ки таълимоти «Авасто» дар зиндагӣ ва кору рӯзгори халқи тоҷик реша давонда,  то ҳанӯз  моро рӯҳу ҷони тоза бахшида истодаанд.

Муаллиф ба замоне, ки «Авасто» эҷод шуда буд, аҳамияти хос дода, яке аз саҳифаҳои норавшани таърихамон — давраи ҳукмронии Пешдодиён ва Каёниёнро, ки таърихи беш аз 7 ҳазорсола дорад,  рӯшан намудааст. Таҳлили амиқи илмӣ ва фалсафии «Авасто», ба ифодаи муаллиф, дар таҳқиқи минбаъдаи ташаккул ва инкишофи илму фарҳанги халқи тоҷик ва тамаддуни он саҳми босазо мегузорад.

Дар асари мазкур бори аввал дар таърихи муосири тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ба санъати ҳарбии тоҷикон  диққати хос додаст.

Тасвир ва тафсири муфассали аспҳои ҷангӣ, ки болу пари ҷанговарону варзишгарон буданд ва рамзи устувории давлат, оромию осудаҳолии мамлакат ҳисоб ме­ёфтанд, дар китоби Эмомалӣ Раҳмон ҷои хеле муҳимро ишғол мекунад.

Мувофиқи навиштаи муаллиф човандозони бохтарӣ дар таърихи давлатдории Бохтари қадим нақши бузург бозида, ба таҳкими сарҳадҳои он, фатҳи давлатҳои ҳамсоя, қатъи ҳуҷуми истилогарони аҷнабӣ мусоидат намудаанд. Аспсаворон чун воситаи хубу пурсамари набард ва қатъи ҳуҷуми душман дар ҷангҳои он замон нақши бузург доштанд. Маҳз бо шарофати аспҳои бохтарӣ стратегияи ҳарбии ҳуҷуми барқосо ба миён омада буд, ки саҳифаҳаи нави китоби санъати ҳарбии халқи тоҷикро ташкил медиҳад.

Бояд қайд кард, ки мавзӯи аспҳои ҷангӣ дар таърихшиносии мо нав нест. Ри­солаи ҳарбии Шариф Муҳаммад Мансур Муборакшоҳ (асрҳои XII-XIII) «Одоб-ул ҳарб ва шуҷоат» (Душанбе, соли 1997)-ро, ки ба тавсифи ҷангӣ, норасоии самандҳо ва аҳамияти онҳо диққати зиёд додаст, ба ёд овардан кофист. Ҳарчанд ки дар рисо­лаи мазкур Муборакшоҳ дастаи савораро қувваи асосии зарба меҳисобад ва ба қоидаҳои  интихоб, ромкунӣ, муайян намудани зоти асп аҳамияти муҳим медиҳад, аммо нақши онҳоро дар ҳаёти халқу давлат аён намекунад. Ва ин вазифаи ӯ низ набудааст. Дар асоси омӯзиши сарчашмаҳои мавҷуда муаллифи китоби мавриди таҳлил ба ин ҷиҳати проблема аҳамияти махсус додааст. «Аспҳои бохтарӣ,- менависад муаллиф,- ба инкишофи санъати ҳарбӣ ва мута­шаккилии қӯшунҳо, ободии ҳаёти шаҳр, бунёди қалъаҳо ва иншооти дигар, ри­воҷи тиҷорату савдо, кушодани роҳҳои нави корвонҳо ва садҳо корҳои муфиди ди­гар мусоидат намуданд. Бо шарофати аспҳои бохтарӣ дастаҳои савора ва пиёдаи ҳарбӣ ташкил шуданд, қӯшунҳо аз рӯи намудҳо ба қисмҳо тақсим гардиданд, во­ситаҳои тактикӣ ва стратегияи амалиёти ҳарбӣ ба миён омаданд. Ҷиҳати ҳифзи сарҳадҳо чораҳои пурсамар андешида мешуд, бунёди иншооти ҳарбӣ ва мудофиавӣ сурат мегирифт». Ҳамаи ин,  хулоса мекунад муаллиф, ба бунёди дастгоҳи пурзӯри маъмурию идоравӣ мусоидат намуда, ҳамзамон нишонаи таҳқими давлатдорӣ буд.

Бохтару Суғдро гаҳвораи нахустдавлати тоҷикон шумурда, муаллиф қайд ме­кунад, ки бори аввал маҳз дар ин ҷо тасаввуроти парокандаи тоҷикон оид ба бунёди олам, гузашта ва ҳозира сарҷамъ шуда, раванди ташаккули худшиносӣ ва маъри­фати илмии ҷаҳон оғоз ёфт, тасаввурот оид ба вазифаи таърихии давлат ба миён омада ва ба бунёди идораи давлат  асос гузошта шуд. Ташаккул ва инкишофи забон, пайдоиши хат ва такимли тиҷорати фарҳанги шаҳриёна аз вуруди аҷдодони тоҷикон ба арсаи тамаддуни ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад. Моҳиятан ин давраи инкишофи шаҳрҳои қадима буд. Ҳамзамон бо Бохтари қадим шаҳрҳои Суғд, ки асосиашон Афросиёб буд, инкишоф меёфтанд. Ҳамзамон Самарқанд ба яке аз марказҳои муҳими фарҳангию тиҷоратӣ табдил меёбад. Дар ин шаҳрҳо бемайлон ҳаёти фарҳангию илмӣ, иҷтимоию иқти­содӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозӣ рушд менамуд.

Муаллиф қадам ба қадам, аз як сулола то сулолаи дигар раванди ташаккул ва инкишофи мод­дию маънавӣ, гузаштани халқи тоҷикро ба тамаддуни нав ва ҳамзамон боло рафтани сатҳи худшиносии фарҳангию таърихии вайро зери назари таҳқиқ қарор додааст. Муллиф бо ҳусни таваҷҷуҳи хоса  шоирони Шарқ, пеш аз ҳама, ҳаким Фир­давсиро ба ёд меоварад, ки бинобар талоши эҳёи тамаддуну фарҳанги ориёиён ва бо ҳамин боло рафтани худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, ба Искандари Мақдунӣ пӯшондани пе­роҳани каёниёнро ба қалам меорад. Ҳамзамон инкишофи фарҳангу ҳунар, бунёди шаҳрҳо ва қалъаҳо, тақсимоти фаъолонаи ҷомеа аз рӯи ало­матҳои иҷтимоию синфӣ равшан  ба назар мерасад.

Дар боби «Тахти Ҷамшед ва кашфи асрори се давра» муаллиф аз  ин ёдгории таърихӣ ёдовар мешавад. Ӯ дар харобаҳои Тахти Ҷамшед дастоварди беназири санъати меъмории даврони қадимро мебинад, ки ҳосили за­ҳмати бисёрсолаи ҳазорон шаҳрсозону ҳунармандон буд.

Дар харобаҳои Балхи куҳан, қасри шоҳ Кайқубод ва Тахти Сангин, дар вайро­наҳои Афросиёб ва Варахша, дигар шаҳрҳои сӯхтаву вайроншуда ба ифодаи муаллиф, таърихи зиндаи ҳазорсола ниҳон аст. Онҳо ҳамчун нишона аз рӯзҳои гузашта, ҳаёти пурмашаққату пурзаҳмат, кору пайкори гзаштагонамон чун панде ба наслҳои имрӯзаву оянда боқӣ мондаанд. Ба хонанда муроҷиат на­муда, муаллиф хотиррасон карда, ҳушдор медиҳад, ки оқибатҳои ҷангу хунрезӣ, тохту тозҳо ва муборизаҳо барои тоҷу тахт ба чӣ гуна оқибатҳои фоҷиабор оварда мерасонад.

Ҷоми сеҳрноки Ҷамшед ва Оинаи Искандар, ки дунёро инъикос мекарданд, дар тасаввуроти аҷдодони мо ихтирои бузурги хиради инсонӣ буданд. Си­фатҳои бузургтарини Ҷому Оина он буд, ки онҳо ҳаводиси гузашта, имрӯза ва ояндаи оламро дар худ инъикос мекарданд.

Муаллиф баъди сайри таърихи ҳазорсола ба таҳлили таърихи имрӯза мепардозад ва аз қуллаи асри нав ба роҳи тайкарда нигариста, мекӯшад  дурнамои миллатамонро му­айян кунад, зеро мо- яъне насли имрӯза, ҳалқаи навбатие дар занҷири таърихи  миллатем, ки се давра ва се замонро бо ҳам мепайванданд. Муаллиф дар асоси омӯзиши гузашта имрӯзро мавриди омӯзиш қарор медиҳад ва оид ба оянда пешгӯиҳо мекунад. Ба фикри ӯ, дар замони ҷаҳонишавӣ ва тақдирсоз,  ки бисёр халқу миллатҳо роҳи ояндаи худро интихоб мекунанд, ба мо,  тоҷикон зарур аст, ки дар баробари ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ  гузаштаи дуру наздики худро таҳлил намоем, аз таърих сабақ бардорем, мавқеъ ва нақши худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян созем. Чунки таърих ба мо им­коният медиҳад, ки дар ҳар як давру замони инкишофи миллат ба пастию нишебӣ, бархостану афтоданҳои он нигоҳ накарда, саҳми наслҳоро  дар ганҷинаи моддию маънавии инсоният равшан муайян намоем. «Танҳо та­вассути ба даст овардани худшиносии миллӣ имконият ва тамоюли ояндаро му­айян кардан, асосҳои мустаҳкамеро, ки наслҳои нав рӯи онҳо зиндагии худро хоҳанд сохт, бунёд намудан имконпазир аст»,- менависад Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳақ ба ҷониби муаллиф аст, ки мегӯяд: «бе донистани таърих худшиносии миллӣ нест, ватандӯстӣ нест, ворисияти наслҳо имкон надорад. Бе гузаштаи таърихӣ ифтихори миллӣ ба худпарастии миллӣ ва ватанпарастии дурӯғин табдил меёбад».

Маънои амиқ ва моҳияти илмии асари мазкур дар он аст, ки муаллиф ни­гоҳашро ба замонҳои қадим дӯхта, мекӯшад дар оинаи таърих гузаштаи бузурги миллати тоҷик, дирӯзу имрӯзи ӯро мавриди омӯзиш  ва баҳрабардорӣ қарор диҳад. Андешаҳои муаллиф оид ба ҳифз ва густариши фарҳанги  оламгири тоҷикон барои мо аҳамияти хоса доранд. Бахусус, ин мутааллиқ ба забон аст, зеро забон баён­кунандаи асосии рӯҳу тафаккури халқ, асоси адабиёту саводи миллӣ, шаҳодати қудрату тавоноии миллат аст. Аҳамияти забони модарӣ дар рушду нумуи худшиносии миллӣ ва истиқлолияти комили ҷумҳурӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги миллӣ ниҳоят бузург аст. Чунки забон садо ва симои миллат аст. Сухан — шакли моддиёти  тафаккур, фикр ва худшиносӣ мебошад. Тавассути сухан таҷрибаи бои маънавии гузаштагон ба наслҳои нав ирсол мешавад. Сухан инсон, олам, кайҳон ва ҳатто Офаридгорро ба ҷунбиш меоварад. Биёед ду калимаи кӯтоҳ ва пурмазмуни «Барои якпорчагии Ватан» ва «Ваҳдати миллӣ»,-ро ки дар лаҳзаҳои қисматсоз дар нутқи Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Хуҷанд садо дода буданд, ба ёд оварем, ки дар дилу дидаи мардум ҷой гирифта, онҳоро ба сӯи ҷасорат, мардонагӣ, қаҳрамонӣ, ватану ватандорӣ ҳидоят намуданд. Ин калимаҳо худшиносии миллиро бедор карданд, шуури миллии миллионҳо ҳамватанонамонро ба шуури ягонаи меҳанпарастӣ ба Ваҳдати миллӣ пайваст намуданд.

Дар натиҷаи таҳлили маводи таърихӣ муаллиф ба хулосае меояд, ки дар таърихи халқи тоҷик на ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ баробар инкишоф ёфтаанд. Ин пеш аз ҳама, ба фарҳангу ҳунар дахл дорад, ки дар нигаҳдошт ва эҳёи миллати тоҷик нақши ҳал­кунанда бозидаанд. Маълум аст, ки давраҳои муайяни шукуфоии онҳо на ҳамеша ба инкишофи умумии моддиёт, иқтисодиёт ва соҳаҳои дигари ҳаёти иҷтимоӣ вобаста будааст. Муаллиф дар асоси таҳлили илмӣ-фалсафии мавод ва санадҳои таърихӣ ба хулосаи илмӣ – назаравӣ ва методологие меояд, ки дар таърихи инсоният самти ягонаи инкишофи  соҳаҳои гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ вуҷуд надорад. Раванди таърих, ба андешаи муаллиф, иборат аз тасодуф, печу тоб, гуногунрангию гуногуншаклӣ мебошад. Дар натиҷа риштаҳои алоҳидаи он (дар айни ҳол сухан дар бораи фарҳанг ва тамаддуни халқи тоҷик меравад), метавонанд нисбат ба дигар со­ҳаҳо, алалхусус соҳаҳои  иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ фаъолонатар тараққӣ кунанд. Ҳамчунин бояд қайд кард, ки дар китоб проблемаву идеяҳое муҳокима меша­ванд, ки бахусус имрӯз хеле рӯзмарраанд ва нисбат ба онҳо ақида ва назари ягонаву усту­вори илмӣ вуҷуд надорад. Онҳо бояд ҳалли худро дар асри XXI аз ҷониби олимони ҷомеашиноси тоҷик  ёбанд.

Оид ба аҳамияти китоби мазкур дар ҳаёти  маънавии халқамон сухан ронда, бояд гуфт, ки муаллиф вазифаи худро на дар он дидааст, ки хонанда дар бораи ҳаёти фарҳангию таърихии тоҷикони замонҳои гузашта донишҳои касбӣ-таърихӣ гирад. Гарчанде дар ин ҷода низ арзиши китоб бебаҳо аст, вале он вазифаи асосиашро дар он дарёфтааст, ки манзараи мураккаби ташаккул ва инкишофи худшиносии фарҳангию таърихии халқи тоҷикро пешкаши ҳаводорони илму маърифат намуда, вазифаҳои  мушаххаси давлати мутамарказ, соҳибистиқлол ва миллиро чун кафили сулҳу оромӣ дар ҷомеа тасвир кунад. Барои ҳалли илмии ин вазифаҳо  ҳар як муҳаққиқи соҳибназар бояд дорои дониши махсус, тафаккури эҷодии доманадор, қобилият ва истеъдоди  махсус бошад.

Хизмати шоистаи Эмомалӣ Раҳмон дар илми ҷомеашиносии тоҷик, агар мухтасар номбар кунем, пеш аз ҳама, иборат аз ҷустуҷӯи  ҳақиқату адолати таърихӣ, нишон додани саҳми халқи тоҷик дар тамаддуни ҷаҳонӣ, муайян намудани решаҳои таърихии он дар эҳёи рӯҳияи миллӣ, иф­тихор аз миллату аҷдоди хеш, ташаккули худшиносии миллӣ мебошад.

Китоби Эмомалӣ Раҳмон на танҳо қадами ҷиддӣ дар пешравии илми таърихи муосири мамлакат, балки тадқиқоти ҷолибтарини иҷтимоию фалсафие мебошад, ки дар ташаккули шуури таърихӣ, мустақилияти мафкуравии миллат, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи  ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ саҳми босазо мегузорад. Аз ин рӯ, асари мазкур бояд китоби рӯимизии ҳар як шахси худогоҳу худшинос, ватанхоҳу ватандӯст бошад.

Охирсухан. Дар охирсухан таъкид менамоям, ки бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  — пешвои миллат» марҳилаи нав дар таърихи далатдории тоҷикон  оғоз ёфт. Миллати тоҷик аз таърихи пурғановати худ, аз рӯзҳои сахту сангину фоҷиабори худ  сабақ гирифта, имрӯзаро амиқ дарк намуда, ба ояндаи дурахшон устуворона қадам мегузорад.

Акнун шаҳрвандони Тоҷикистон дар тамоми гӯшаю канори мамлакат  ба хубӣ дарк  ва эҳсос менамоянд, ки миллати тоҷик Пешвои ягонаи  худро дорад. Миллати куҳантаъриху куҳанфарҳанги тоҷик боварии қатъӣ дорад, ки он ҳама санҷишҳои таърих, қурбониҳою бесарусомониҳо барабас нарафта, боиси боз ҳам муттаҳид гардидани шаҳрвандони Тоҷикистон  дар атрофи Сарвари давлат ва Пешвои худ мегардад.  Ҳамзамон Пешвои миллат  ҳамчун кафили Сулҳу Ваҳдат ва якпорчагии  мамлакат бо назардошти таҷрибаи таърихи гузаштагонамон, таҳлили амиқи илмии равандҳои ҷаҳони имрӯза, миллати тоҷикро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ҳидоят намуда, Тоҷикистонро ба зинаҳои нав ба нави инкишофи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бурда мерасонад.

 

Абдусамад Самиев,

  доктори илмҳои фалсафа, профессори

  Донишгоҳи славянииТоҷикистон-Русия

Сентябрь 27, 2016 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст
Конститутсияи Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ дониста, онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд
Конститутсия омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид
30 соли мавҷудият ва 30 нақши Конститутсия дар пешрафту инкишоф, назму тартибот, амнияту субот ва муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ
МИЛЛАТИ ТОҶИК ДАР ОИНАИ ҚОНУН. Эҳдо ба 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон
КОНСТИТУТСИЯ-ҲУҶҶАТИ УМДАИ ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТ. Он василаи пайванд ва муносибат бо ҷомеаи ҷаҳонӣ аст
Сулаймон Султонзода: «Конститутсияи Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон маҳаки асосӣ аст»
30 СОЛИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН. Он бахтномаи миллат ва шоҳсутуни давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ НИЗ НАМУНАИ ИБРАТ МЕБОШАНД. Дар ҳошияи Соли маърифати ҳуқуқӣ
Конститутсияи Тоҷикистон дар муддати 30 сол заминаи устувори бунёди ҷомеаи мутамаддинро гузошт
Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баҳои баланд гирифтааст
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ маҳз бо ташаббус ва азми устувори Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шуд