Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз эҳтимоли селфароӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ огоҳ мекунад

Сентябрь 30, 2016 09:23

Душанбе, 30.09.16. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро огоҳ месозад, ки аз 30 сентябр то 2 октябри соли 2016 якбора ҳарорати ҳаво паст гардида, боришот дар назар аст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти кумитаи мазкур Умеда Юсупова хабар дод, ҳаво шабона 15- 17 ва рӯзона 22 дараҷа гарм мешавад.
Дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо селфароӣ дар назар аст.
Кумита огоҳ мекунад, ки шаҳрвандон дар рӯзҳои мазкур эҳтиёт ва ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Сентябрь 30, 2016 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад