М. Неъматов ба Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон Эътимоднома супорид

Сентябрь 30, 2016 12:31

Душанбе, 30.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябри соли 2016 дар Қасри президентии Белведер дар шаҳри Варшава маросими супоридани эътимодномаҳои Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон Маликшо Неъматов ба Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон Анжей Дуда баргузор гардид.
Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон Маликшо Неъматовро ба муносибати оғози расмии рисолати дипломатиаш дар Ҷумҳурии Лаҳистон табрик намуда, ба ӯ барои иҷрои фаъолияти пурсамар ҷиҳати густариши муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Лаҳистон комёбӣ таманно намуд.
Дар навбати худ Сафири Точикистон паёму дуруд ва таманниёти неки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Лаҳистон расонид.
Дар ҷараёни суҳбати хоса Анжей Дуда ба муносибатҳои анъанавии дӯстонаи ҳарду кишвар таъкид намуда, омодагии кишварашро баҳри вусъати ҳамкории гуногунҷабҳаи Лаҳистону Тоҷикистон иброз дошт.

Сентябрь 30, 2016 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад