Масъулини соҳаи маорифи ноҳияи Рашт ҷиҳати бо омӯзгорони ихтисосманд таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тадбирҳои амалӣ меандешанд

Сентябрь 21, 2016 09:15

Душанбе, 21.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Ҳанӯз аз оғози истиқлолият Ҳукумати ҶТ рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон карда, барои таҳсили ҷавонон ва ба воя расонидани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон ҳамаи шароити заруриро фароҳам меоварад. Бахшида ба ҷашни 25 -солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат даҳҳо иншооти нави соҳаи маориф ба истифода дода шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро соҳаи муҳимтарини ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳисобида, борҳо дар суханронии худ таъкид менамоянд, ки таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва сазовори анъанаҳои неки гузаштагон, бо асосҳои илму дониши замонавӣ ошно сохтани наврасону ҷавонон яке аз омилҳои асосии рушди минбаъдаи кишвар ва расидан ба дастовардҳои навин мебошад.
Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон дар ноҳияи Рашт дар радифи дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ соҳаи маорифи ноҳия низ хеле пеш рафт. Маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи ноҳия сол аз сол беҳтар гардида, дар се соли охир ба соҳаи маорифи ноҳия 77 210 865 сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.
Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт Холмаҳмад Ортиқов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар қаламрави ноҳияи Рашт 32 бинои нав ва 98 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода шудаанд. Аз ҷумла, солҳои 2011-2015 дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 19 бинои нав ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Сохтмони биноҳои нав дар назди муассисаҳои таълимии №27 ва 100 идома дорад. Дар ҳолати имрӯз дар ноҳияи Рашт ягон муассисаи таълимӣ дар вагонҳо ё хонаҳои шахсӣ фаъолият намекунад. То соли 2010 беш аз 20 мактаб дар хонаҳои истиқоматӣ фаъолият мекарданд, ки бо кӯшиши Вазорати маориф ва илм ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамаи ин мактабҳо аз вагонҳо бароварда шуда, барои онҳо биноҳои иловагӣ бо тамоми шароити муосири таълиму тарбия ба истифода дода шуданд.
Холмаҳмад Ортиқов афзуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои баландихтисоси маҳаллӣ тадбирҳои судманд меандешад. Бо ин мақсад дар панҷ соли охир 144 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия , аз ҷумла 72 нафар духтар ба тариқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил гардида, таҳсил намуда истодаанд.
Ӯ изҳори нигаронӣ намуд, ки имсол тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олиро 47 нафар хатм намуда, 13 нафари онҳо ба ҷои кор ҳозир нашуданд. Ба иттилои манбаъ, айни ҳол муассисаҳои ноҳия ба 101 нафар омӯзгор эҳтиёҷ доранд.
Бинобар ин, масъулини соҳаи маориф ҳамарӯза мекӯшанд, ки ҷиҳати бо омӯзгорони ихтисосманд ва навовару эҷодкор таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.
«Бо назардошти мавҷудияти ин мушкилот дар ноҳия Коллеҷи омӯзгорӣ ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон фаъолият доранд, ки ба омода намудани омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва дигар фанҳои таълимӣ мусоидат менамоянд», -таъкид намуд Х. Ортиқов ва илова намуд, ки иштироки хонандагони ноҳия дар озмунҳои фаннии минтақаву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сол аз сол фаъолтар гардида истодааст, ки ин, албатта, шоёни таҳсин ва намунаи ибрат ба толибилмони дигар мебошад»,- гуфт ӯ.
Дар соли таҳсили гузашта хонандагони ноҳия дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, 1 нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.
«Аммо, мутаассифона, ҳанӯз дар байни хонандагон ҳодисаҳои даст задан ба кирдорҳои ношоям ва ҷинояткорӣ ба чашм мерасанд»,-бо ташвиш изҳор намуд Х. Ортиқов. Бинобар иттилои ӯ, дар соли охир аз тарафи ноболиғони ноҳия 19 ҳолати ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Масъули соҳаи маорифи ноҳии Рашт зикр дошт, ки дар шароити кунунии рушду тараққиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ мо бояд фарзандонамонро ба омӯзиши ҳарчи бештари илмҳои муосир, техникаву технологияҳои компютерӣ ва забондониву аз худ кардани касбҳои гуногун ҳидоят намоем.
Яке аз сабабҳои қабули Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ ҳамин аст, ки мо фарзандони худро ҳанӯз аз синни хурдсолӣ тарбияи дуруст диҳем ва онҳоро барои фарогирии донишҳои замонавӣ омода созем. Кӯдакону наврасонро бояд тавре ба камол расонем, ки онҳо дар оянда ба манфиати ҷомеа ва давлат хизмати арзанда карда, дар пешрафти Ватани соҳибистиқлоли худ ҳамчун кадрҳои замони нав саҳм гузошта тавонанд.

Сентябрь 21, 2016 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Турсунзода беш аз 6 ҳазор ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор гардид
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2676 довталаб иштирок менамояд
Дар Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Зафаробод 1530 нафар хонанда ба истироҳат фаро гирифта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Абдусалом Назаров дар боғаш 12 навъи зардолу парвариш менамояд
Дар доираи татбиқи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025» 256 иншоот сохта мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Ховалинг бахшида ба фаъолияти эҷодии шоир Ҳабибулло Файзулло маҳфили адабӣ доир мешавад
Дар ноҳияи Данғара ду коргоҳи истеҳсоли оксиген ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид