«КИТОБХОНА — КОХИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши дӯстдорони китоб доир шуд

Октябрь 5, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 05.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи  ба номи Садриддин Айнии шаҳри Кӯлоб бо мақсади ҷалб намудани хонандагон ба китобу китобхонӣ таҳти унвони «Китобхона — кохи маърифат»  ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар радифи соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа дар ҷодаи китобдорӣ низ дастовардҳои наву тоза ба амал омаданд, ки ба рушди минбаъдаи ин самт дар ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.

Тавре директори муассисаи таҳсилоти иловагӣ дар минтақаи Кӯлоб Ҳайдар Ҳайдарзода иброз намуд, таваҷҷуҳи сокинон ва мактаббачагон ба китобхона нисбат ба солҳои пеш бештар гардида, хонандагон китобҳои зарурии худро сари вақт дастрас менамоянд.

Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим китобдору китобхон буданд. Боиси ифтихор аст, ки ҳоло майлу рағбати мардум ба китобу китобхонӣ аз нав эҳё гардидааст. Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб» оғоз гардида, ҳафт сол аст, ки идома дорад.

Дар ҳақиқат китоб арзишмандтарин падидаи фарҳангӣ- манбаи асосии илму дониш,  фазлу эҳсон, сарчашмаи дарёи ақл, махзани волою пояи тамаддуни ҷаҳони муосир ва воситаи таълиму тарбия мебошад.

Дар ҳамоиш хонандагон доир ба китобҳои мутолианамудаашон  маълумот доданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 5, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад