Муфтии мавсими Ҳаҷ-2016 барои ибодати бехалали ҳоҷиён талош дорад

Сентябрь 7, 2016 15:31

Макка, 07.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Муфтии мавсими Ҳаҷ-2016 Ҷамолиддин Хомӯшов мегӯяд, ҳамарӯза ҳоҷиёни тоҷик бо суолҳои шариатии зиёд вобаста ба маносики ҳаҷ ба бахши муфтии мавсим муроҷиат менамоянд. Хомӯшов мегӯяд, 6-уми сентябр бо 1600 нафар ҳоҷиёни шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва ноҳияи Рӯдакӣ доир ба маносики ҳаҷ мулоқот намуданд. «Аввалан, вобаста ба ҳаҷ маълумоти пурра додем. Суолҳо низ буданд. Танҳо имрӯз ҳоҷиён бо ҳудуди сад суол муроҷиат намуданд».
Хомӯшов илова кард, ки бахши муфтии мавсими ҳаҷ ҳама талошҳои худро ба харҷ хоҳад дод, то ҳоҷиён бидуни иштибоҳоти шаръӣ маносики умра ва ҳаҷро ба анҷом расонанд.
Гуфта шуд, ҳамарӯза чунин мулоқотҳо бо гурӯҳҳои дигар ҳоҷиёни тоҷик низ гузаронида мешавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим аз шаҳри Маккаи мукаррама хабар дод.

Сентябрь 7, 2016 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад