Мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолони ноҳияи Ёвон ва коргарони Корпоратсияи кимиёвии металлургии тоҷик “Талко кимиё”
Душанбе, 05.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон баъди ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли криолит, алюминии фтордор, содаи каустикӣ ва кислотаи сулфат дар Корпоратсияи кимиёвии металлургии тоҷик “Талко кимиё” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ноҳия ва коргарону мутахассисони ин корхонаи калони саноатии мамлакат суҳбати самимӣ доир намуданд.
Нахуст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва саноатчиёни кишварро бо ҷашни бузурги умумимиллӣ 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи корхонаҳои саноатӣ табрику таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки дар рӯзҳои таҷлили санаи муҳими таърихӣ дар ноҳияи Ёвон боз се корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки ин падидаи нек идомаи мантиқии сиёсати саноатикунонии мамлакат мебошад.
Таъкид гардид, ки корхонаҳои истеҳсоли имрӯз ифтитоҳёфта бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти Ширкати алюминийи Тоҷик бо криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар асоси коркарди ашёи хоми ватанӣ бунёд гардида, иқтидори солонаи онҳо истеҳсоли 12 ҳазор тонна криолит, 18 ҳазор тонна алюминии фтордор ва 130 ҳазор тонна кислотаи сулфат мебошад. Аз маҳсулоти истеҳсолшаванда 25 фоиз барои эҳтиёҷоти Ширкати алюминийи Тоҷик истифода гардида, боқимонда 75 фоиз содирот карда мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки зимни амалисозии корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур беш аз 800 нафар мутахассисону бинокорон фаъолият намуда, ҳоло дар натиҷаи ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз кардани корхонаҳои зикршуда зиёда аз 500 ҷойи кори доимӣ муҳайё гардид. Ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои имрӯзаи коркарди ашёи хоми ватанӣ, дар баробари истеҳсоли алюминий, ба рушди як қатор соҳаҳои дигар кумаки ҷиддӣ мерасонад.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади дар амал татбиқ кардани нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ва дигар дастуру супоришҳои Сарвари давлат бобати истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда Ширкати алюминийи Тоҷик ҳар сол ба маблағи беш аз 800 миллион сомонӣ маҳсулоти воридотивазкунанда ва молҳои содиротиро дар дохили кишвар истеҳсол менамояд.
Барои бунёду таҷҳизонидани корхонаҳои саноатии Талко кимиё беш аз 990 миллион сомонӣ, аз ҷумла беш аз 290 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Ширкати алюминийи Тоҷик сармоягузорӣ карда шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зикр карданд, ки стратегияи рушди соҳаи саноати мамлакат ба иваз кардани маҳсулоти воридотии саноатӣ бо маҳсулоти ватанӣ нигаронида шудааст ва бо итминон таъкид доштанд, ки истеҳсол ва истифодаи криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар дохили мамлакат дар баробари кам кардани хароҷоти истеҳсоли алюминий, имконият медиҳад, ки ба таври маҷмӯӣ фаъолияти якчанд корхонаи алоқаманд мунтазам ба роҳ монда, ҳазорҳо нафар сокинони кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шаванд.
То имрӯз, криолит ва алюминии фтордор барои истеҳсол кардани алюминий аз хориҷи кишвар ворид карда мешуд ва баъди ба истифода супоридани корхонаҳои истеҳсолии имрӯза маблағҳое, ки барои харидории криолит ва фториди алюминий сарф мегардид, дар дохили кишвар боқӣ монда, барои рушди минбаъдаи Ширкати алюминийи Тоҷик равона карда мешаванд.
Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба азму иродаи саноатчиён ва ташаббусҳои соҳибкорони ватандӯсти ноҳияи Ёвон баҳои баланд дода, онҳоро ба идомаи тадбирҳои накуи созандагию ободонии ватан ҳидоят намуданд.
Сокинони ноҳияи Ёвон ва коргарону мутахассисони корхонаҳои нави саноатӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини сарҷамъии миллат, фазои сулҳу ваҳдат, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ифтитоҳи корхонаҳои калони саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини зиндагии сазовор барои мардум изҳори сипосу қадрдонӣ карданд.



















Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик






