Мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Сентябрь 11, 2016 09:05

Душанбе, 11.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Пас аз ифтитоҳ ва шиносоӣ бо бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳамин бино дар ҳузури беш аз ду ҳазор нафар сокинон ва фаъолони ноҳия суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат нахуст ҳозиринро ба муносибати ҷашни бистсолагии таъсисёбии ноҳия, ки ба ҷашни бузурги миллиамон, 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост омадааст, табрик гуфтанд.

Таъкид гардид, ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зода ва маҳсули даврони Истиқлолият буда, дар қатори дигар шаҳру навоҳии мамлакат он ҳам аз файзу баракати ин неъмати бебаҳои таърихӣ баҳравар гардидааст.

Аз ҷумла назар ба чанд соли пеш, имрӯзҳо дар ин минтақаи дурдасти кӯҳӣ туфайли кӯшишҳои мардуми заҳматқаринаш корҳои зиёди созандагиву ободонӣ иҷро гардида, тарҳу симои он ба куллӣ дигаргун шудааст.

Пешвои миллат изҳор доштанд, ки дар навбати худ ҳукумати мамлакат низ дар доираи ҳадафҳои созандаааш ҷиҳати ба як гӯшаи ободу зебо табдил додани ин минтақа аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодааст.

Бо таҳлили нишондодҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, Пешвои миллат изҳор доштанд, ки ҷиҳати таъмини рушди гуногунсоҳаи ноҳия дар 15 соли охир беш аз 100 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст.

Ин бошад имкон фароҳам овард, ки соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқи ноҳия, аз қабили муассисаҳои маорифу тандурустӣ таҷдиду азнавсозӣ гардад ва соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла картошкапарварӣ пешрафт намояд.

Пешвои миллат зикр намуданд, ки давоми панҷ соли охир майдони кишти картошка аз 230 ба 2000 гектар расонида шуд.

Дар ин замина соҳаи човодорӣ ҳам рушд ёфта, саршумори он ба маротиб зиёд гардид.

Сарвари давлат зимни суханронии худ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба рушди соҳаҳои даромаднок ва истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷуда равона намуда, ба масъулин дастур доданд, ки дар наздиктарин фурсат иҷрои амалии онҳоро ба роҳ монанд.

Дар фароварди суханронии худ, муҳтарам Пешвои миллат мардуми маърифатпарвари ноҳияро ба посдории суннатҳои аҷдодӣ’, гиромидошти анъанаҳои халқӣ ва тарбияи насли ояндасоз дар руҳияи ватандӯстию эҳтиром ба арзишҳои миллӣ даъват намуданд.

Сентябрь 11, 2016 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд