Мулоқоти Пешвои миллат бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод

Сентябрь 26, 2016 08:26

Душанбе, 26.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафар ба ноҳияи Тоҷикобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарону фаъолон ва шумораи зиёди сокинони ноҳия суханронӣ намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ доир карданд.

Пешвои миллат нахуст сокинони шарафманди ноҳияи Тоҷикободро бо 25-солагии ҷашни умумимиллӣ-Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, таъкид доштанд, ки дар давоми 25 соли истиқлолияти Тоҷикистон мо, мардуми куҳанбунёду соҳибтамадуни тоҷик тавонистем дар ҳама бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат ба дастовардҳои арзишманд ноил гардем.

Дар ин давра халқи заҳматкаши ноҳияи Тоҷикобод дар пайравӣ ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо азму иродаи қавӣ, садоқат ба давлату миллат дар пешрафту тараққиёти ноҳия ва дар маҷмуъ ҷумҳурӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои маблағгузории давлатӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла сохтмони иншооту роҳҳо ва дастгирии буҷети ноҳияи Тоҷикобод 432 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Кишту парвариши зироати кишоварзӣ барои сокинони ноҳияи Тоҷикобод шуғли асосӣ ба шумор рафта, сол то сол ин соҳа рӯ ба беҳбудӣ мениҳад. Гуфта шуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ аз тарафи ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи кишоварзӣ, ба сокинони ноҳияи Тоҷикобод имкон фароҳам гардид, ки соли гузашта ба маблағи 651 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намоянд, ки ин рақам нисбат ба солҳои пеш бамаротиб зиёд мебошад.

Аз ҷониби Сарвари давлат ба роҳбарони ноҳия ва дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ чораҷӯӣ намоянд.

Зикр гардид, ки дар қаламрави ноҳияи Тоҷикобод 25 километр роҳҳои байналмилалӣ ва 100 километр роҳҳои дорои аҳаммияти маҳаллӣ мавҷуданд, ки қисми зиёди онҳо дар доираи лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Саритош пурра таҷдид гардидаанд.

Бунёди муассисаҳои тандурустиву бунгоҳҳои тиббӣ дар марказ ва деҳоти ноҳия, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, сохта ба истифода додани меҳмонхонаи боҳашамат, биноҳои маъмурию истиқоматӣ, таҷдиду азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ, бунёди пулҳо ва боз чандин навкориҳо, ки дар ин ноҳияи дурдасти мамлакат ба вуқуъ пайваст, аз дастовардҳои беназири даврони Истиқлолият ба шумор меравад.

Дар ноҳияи Тоҷикобод соҳаи маориф марҳила ба марҳила рушд менамояд.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити замонавӣ барои таълиму тарбияи фарзандони мардум дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Тоҷикобод 16 бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои қариб 6 ҳазор хонанда сохта ба истифода дода шудаанд ва бунёди чандин бинову синфхонаҳои иловагӣ дар назди мактабҳои ноҳия идома дорад.

Сентябрь 26, 2016 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд