Мусоҳибаи сафири Тоҷикистон бо рӯзномаи мисрӣ дар Қоҳира

Сентябрь 14, 2016 10:30

Душанбе, 14.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 сентябри 2016 дар рӯзномаи мисрии «Руз-ул-Юсуф» мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ бо хабарнигори нашрия Алоуддин Зоҳир чоп гардид.
Дар  мусоҳиба сафири Тоҷикистон ба пурсишҳои хабарнигор дар бораи ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Миср, раванди иҷрои тавофуқҳое, ки қаблан, аз ҷумла ҳангоми нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арабии Миср дар соли 2007 ҳосил шуда буданд, ҳаҷми тиҷорати байни ду кишвар, сармоягузории муштараки лоиҳаҳо, ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо афкори ғалат ва ифротгароии динӣ, таҳсили донишҷӯён ва бозомӯзии мутахассисони тоҷик дар муассисаҳои таълимӣ ва бозомӯзии Миср, табодули фарҳангӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи гардишгарӣ посух додааст.
Нусхаи электронии мусоҳибаи мазкур бо каме тағйир 7 сентябри 2016 дар торнамои рӯзномаи дигари мисрӣ «Садо-л-балад» низ мунташир шуд (руҷӯъ фармоед ба пайванди зерин: http://www.elbalad.news/2396756)

Сентябрь 14, 2016 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад