Мусоҳибаи сафири Тоҷикистон бо рӯзномаи мисрӣ дар Қоҳира
Душанбе, 14.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 сентябри 2016 дар рӯзномаи мисрии «Руз-ул-Юсуф» мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ бо хабарнигори нашрия Алоуддин Зоҳир чоп гардид.
Дар мусоҳиба сафири Тоҷикистон ба пурсишҳои хабарнигор дар бораи ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Миср, раванди иҷрои тавофуқҳое, ки қаблан, аз ҷумла ҳангоми нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арабии Миср дар соли 2007 ҳосил шуда буданд, ҳаҷми тиҷорати байни ду кишвар, сармоягузории муштараки лоиҳаҳо, ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо афкори ғалат ва ифротгароии динӣ, таҳсили донишҷӯён ва бозомӯзии мутахассисони тоҷик дар муассисаҳои таълимӣ ва бозомӯзии Миср, табодули фарҳангӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи гардишгарӣ посух додааст.
Нусхаи электронии мусоҳибаи мазкур бо каме тағйир 7 сентябри 2016 дар торнамои рӯзномаи дигари мисрӣ «Садо-л-балад» низ мунташир шуд (руҷӯъ фармоед ба пайванди зерин: http://www.elbalad.news/2396756)








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






