Намоиши «Шабе дур аз Ватан» дар Фестивали байналмилалии театрӣ иштирок мекунад
Душанбе, 08.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов дар Фестивали байналмилалии театрии кишварҳои Осиёи Миёна таҳти унвони «Қазоқистон дили АвруОсиё» бо намоиши «Шабе дур аз Ватан» иштирок хоҳад кард.
Фестивали мазкур бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад. Фестивал аз 10 то 14 октябр дар шаҳри Алмаато идома хоҳад ёфт.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур- мустаҳкам кардани робитаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи санъати театр, фароҳам овардани шароит барои амалӣ гардонидани барномаҳои муштарак байни гурӯҳҳои театрӣ, инчунин ҷалби диққати театрҳо ба навъҳои замонавии раванди театрӣ мебошад.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






