Натиҷаҳои рақобатҳои футболи Ҷоми ҷаҳон- 2018 дар Осиё
Душанбе, 2.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тимҳои миллии футболи кишварҳои Осиё дар марҳалаи ниҳоии муқаддамотии Ҷоми ҷаҳон- 2018, ки дар кишвари Русия баргузор мешавад, аввалин вохӯриҳояшонро ба анҷом расониданд. Аввалин шуда аз гурӯҳи дуввум тими мунтахаби Австралия, ки бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар як гурӯҳ қарор дошт, тими мунтахаби Ироқро дар майдонаш бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.
Дастаи мунтахаби Амороти Мутаҳидаи Араб ғайричашмдошти коршиносони футбол дар меҳмонии тими мунтахаби Ҷопон бо натиҷаи 2 бар 1 соҳибони майдонро шикаст дод. Арабистони Саудӣ тими миллии Таиландро ба ҳузур пазируфт ва бо ягона голи задаи Навоф Обид аз ҷазои 11 метра бо ҳисоби 1:0 шаҳди ғалаба чашид.
Дар гурӯҳи аввал тими мунтахаби Эрон дар майдонаш бо тими мунтахаби Қатар то дақиқаҳои иловагӣ натиҷаи мусовии 0:0-ро дар ихтиёр дошт, аммо дар вақти изофашуда эрониҳо тавонистанд бо имзои Ризо Қучоннажод(94) ва Алиризо Ҷаҳонбахш(96) ду голро ба самар расонида, дар маҷмӯъ бо натиҷаи 2:0 дастболо шаванд.
Дар ин рӯз тими мунтахаби Узбекистон бар Сурия бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид ва дар ин гурӯҳ Кореяи ҷанубӣ дар бозии сергол бо дастаи мунтахаби Чин бо ҳисоби 3:2 зафар ёфт.
Ёдовар мешавем, ки рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми ҷаҳон дар минтақаи Осиё бо ҳузури 12 тим дар ду гурӯҳ ба сурати даврӣ баргузор мешаванд. Дар натиҷа аз ҳар гурӯҳ ду тим(дар маҷмӯъ 4 тим) ба сурати мустақим роҳхати Ҷоми ҷаҳони Русия -2018-ро ба даст меоранд. Тимҳои саввуми гурӯҳҳо низ дар дидори плей-офф бо ҳам қувва месанҷанд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






