НОМИ НАКӮ-НИМИ ҲУСН. Номҳо таърихи тӯлонӣ дошта, имрӯз бояд асолати таърихии худро барқарор намоянд
Душанбе, 28.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар як шахс ҳангоми тавлиди фарзанд кӯшиш ба харҷ медиҳад ба ӯ номи зебанда, муносиб ва маънодор интихоб намояд, то дар оянда фарзандаш лоиқи он ном гардад. Чунин меъёрҳо дар мавриди номи шаҳру деҳа, кӯчаву хиёбон, кӯҳу дара, дарёву кӯлҳо низ ҷоиз мебошанд. Ҳангоми интихоби номи маҳалҳои аҳолинишин ба хусусиятҳои таърихӣ ва ҷуғрофию этникии мавзеъ эътибори ҷиддӣ бояд дод.
Зимни номгузорӣ сокинони маҳал бояд бо олимони соҳаи номҳои ҷуғрофӣ (топонимшиносон), кормандони мақомоти маҳаллию Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд.
Бино ба гуфтаи муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ Матробиён Саодатшо, то соли 2009, яъне то таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳот бештари номҳои таърихӣ бе мувофиқа иваз шудаанд.
«Имрӯз Кумита мехоҳад он номҳоро аз нав барқарор намояд. Кумита як рӯйхати номҳои ғайримеъёрӣ ва бегонаеро, ки бояд иваз шаванд, тартиб дод. Номҳое, ки таърихи тӯлонӣ доштанду бо сабабҳо ва таъсирҳои гуногун аз байн рафтанд, имрӯз бояд асолати таърихии худро барқарор намоянд»,- иброз дошт муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳот.
Ба гуфтаи мусоҳиб, дар ноҳияҳои тобеи марказ қариб 28 номи деҳаву маҳал, ҷамоату шаҳрак, 10 адад номи кӯҳу қуллаҳо, дарёву кӯлҳо ғайримеъёрӣ ва бегона буда, онҳо дар тӯли таърих ба вуҷуд омадаанд.
Беш аз 50 номи деҳаву маҳалҳои вилояти Суғд ба талаботи номгузорӣ ҷавобгӯй нестанд
«Дар вилояти Суғд низ номҳое ба чашм мерасанд, ки ба талаботи номгузорӣ мувофиқат намекунанд. Қариб 12 номи кӯҳу қуллаҳо, дарёву кӯлҳо, беш аз 51 номи кӯчаву маҳалҳо, мавзеъ ва чарогоҳҳо дар ин вилоят ғайримеъёрӣ буда, барои иваз ба мақомоти вилояти Суғд пешниҳод шудаанд. Дар ВМКБ номҳои ғайримеъёрӣ ва ё бегона ҳангоми номгузории маҳалу кӯчаҳо, деҳаву ҷамоатҳо ва шаҳрҳо нисбат ба дигар вилоятҳо камтар ба қайд гирифта шудаанд»,-мегӯяд Матробиён Саодатшо. Дар ин вилоят танҳо номи ду деҳаву маҳал ва номи як дара барои иваз пешниҳод шудаанд.
Дар вилояти Хатлон 129 адад номи деҳа, маҳал ва ҷамоат, номи 10 кӯчаву мавзеъ ва чарогоҳҳои ғайримеъёрӣ ба рӯйхати ивазкунӣ ворид шудаанд.
«Ҳонақоҳ», «Ҷарак» ва «Метанён» номҳои таърихианд
«Бештари номҳое, ки мафҳуми таърихию ҷуғрофӣ доштанд, имрӯз бо сабабҳои гуногун иваз гардидаанд. Акнун Кумита пешниҳод дорад, ки он номҳои таърихии азбайнрафта барқарор шаванд. Мисол, ҷамоати деҳоти «Хонақоҳ» имрӯз ба «Сомон» иваз шудааст. Ҳол он ки номи «Хонақоҳ» дар маҷмӯи номҳои ҷуғрофии мо вуҷуд дошт ва он набояд аз байн мерафт. Ё «Ҷарак» имрӯз ба «Сафобахш» иваз шудааст. Албатта, «Сафобахш» ҳам номи тоҷикӣ аст, вале «Ҷарак» номи таърихӣ буда, бояд аз байн бурда намешуд. Аз зумраи чунин номҳо метавон номҳои «Метанён» ва ғайраро ном бурд»,- афзуд Матробиён Саодатшо.
Ба гуфтаи мусоҳиб, баҳре аз номи маҳалҳо, кӯчаҳо ва деҳаҳо ба номи шахсони алоҳида гузошта шудаанд, ки ҳатто ба низомнома мувофиқат намекунанд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат Ҳикмат Розиқов ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки номгузории шаҳр, маҳалу деҳот як тартиби муайяни худро дорад.
«Мо пеш аз номгузорӣ номи муносиб ва интихобшударо ба комиссияи номгузории мақомоти маҳаллӣ ва баъдан ба Кумитаи забон ва истилоҳот пешниҳод мекунем. Номи интихобшуда бояд ба талаботи маҳал мувофиқ, шевову гӯшнавоз бошад. Аз 14 номе, ки ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ аз ҷониби вакилони халқии шаҳри Ваҳдат барои иваз пешниҳод гардид, баъзеяшон аз сабаби номувофиқ будан рад шуданд»,-мегӯяд Ҳикмат Розиқов.
«Тиллои сафед-1» ё «Ифтихор», «Саховат» ё «Сахиён»?
Сокинони ҷамоати деҳоти Гулистон номи деҳаи «Тиллои сафед -1»-ро мехостанд ба «Ифтихор» иваз кунанд, вале топонимшиносони Кумитаи забон ва истилоҳот баён доштанд, ки номи «Ифтихор» ба деҳа мансуб нест ва он деҳаро «Фахробод» номгузорӣ карданд. Ба андешаи топонимшиносон, номи «Саховат» низ ба одам мансуб буда, ба деҳа «Сахиён» бештар мувофиқ мебошад. Бино ба маълумоти муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ Матробиён Саодатшо, танҳо дар давраи солҳои 2015 — 2016 дар шаҳри Душанбе номи 12 кӯча иваз карда шудааст.
«Кӯчаҳои «Мир» ба «Чаманзор», «Войков» ба «Рӯҳафзо», «Шмидт» ба «Сафо» иваз шуданд. Иваз намудани ном, пеш аз ҳама, аз ҷониби сокинони ҳамон маҳалла ё кӯча пешниҳод мешавад. Агар номҳо мувофиқ наоянд, Кумита онро рад менамояд ё баръакс, номи хуб бошад, дастгирӣ мекунад»,-илова намуд Матробиён Саодатшо.
Дар Тоҷикистон 44 Навобод, 41 Гулистон ва 19 Наврӯз мавҷуд аст
Кумитаи забон ва истилоҳот номҳои такрорро низ барои иваз пешниҳод намудааст. Бино ба гуфтаи масъулони Кумита, дар ҳудуди ҷумҳурӣ қариб 44 маҳал, кӯча, деҳаву шаҳрак Навобод, 41 адад Гулистон ва 19 адад Наврӯз номгузорӣ шудаанд.
«Номҳое ҳастанд, ки ҳатто рақамгузорӣ шудаанд, масалан Гулистон -1, Гулистон -2 ва ғайра, ки ин ба суннати номгузории мо мутобиқат намекунад. Дар фарҳанги номгузории мо муайян намудани самт, яъне поён ва ё боло қобили қабул аст. Рақамгузорӣ ғайримеъёрӣ буда, чунин номҳо бояд иваз карда шаванд»,-илова намуд муовини раиси Кумита.
Ба гуфтаи Матробиён Саодатшо, Кумита бе ҳамкорӣ бо олимон чизеро пешниҳод намекунад. Кумита дар назди худ шӯрои ҳамгунсозӣ дорад, ки он аз 120 нафар профессор иборат буда, барои иваз намудани номҳои ҷуғрофӣ мулоҳизаҳои қариб 20 олими донандаи номҳои ҷуғрофӣ ба назар гирифта мешавад.
Матробиён Саодатшо дар масъалаи ивази номи маҳалҳо, кӯчаҳо, деҳаву шаҳракҳое, ки дар даврони шӯравӣ номгузорӣ шуда буданд, иброз дошт, ки ин иқдом ҳанӯз соли 1991 аз ҷониби Русия ба роҳ монда шуда буд.
«Масалан Чкалов ҳарчанд сарнишини шинохтаи ҳавопаймо бошад ҳам, дар худи Русия кӯчаҳои ба номи ӯро иваз карданд. Чаро мо бояд иваз накунем? Ин шахс барои Тоҷикистон қаҳрамонӣ накардааст, вале номи нафаронеро, ки барои башарият хизмат кардаанд, чун Пушкин, Гагарин, метавонем иваз накунем»,- илова намуд мусоҳиб
Сокинони собиқ кӯчаи С. Ковалевскаяи ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе низ солҳои зиёд ба ифтихори кӣ номгузорӣ шудани кӯчаашонро намедонистанд. Бино ба гуфтаи омӯзгори мактаби миёнаи рақами 13-и ҳамин маҳалла Мавҷуда Ҳасанова, хонандагони мактаб ба кӣ мансуб будани номи кӯча ҳоло як тараф истад, ҳатто номи кӯчаашонро дуруст навишта ва талаффуз карда наметавонистанд.
«Якчанд сол пеш мо дастаҷамъона номи маҳалро иваз намуда, онро ба номи академик Аҳрор Мухторов номгузорӣ намудем. Ба фикрам акнун кӯдакон ҳангоми талаффуз ва навиштани номи кӯчаашон душворӣ намекашанд. Аз тарафи дигар, номи боз як академики тоҷикро аз худ мекунанд»,- илова намуд М. Ҳасанова.
Лайло ҚОСИМОВА