Оғози ҷамъоварии картошка ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Лахш

Сентябрь 26, 2016 11:58

Душанбе, 26.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафар Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавию инфиродии ҷамоати деҳоти Ҷиргатоли ноҳияи Лахш ташриф оварда, бо рафти ҷамъоварии картошка ва намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ шинос шуданд.

Зимни шиносоӣ бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо хоҷагидорон суҳбат намуда, онҳоро барои фаъолияти босамар ва истифодаи самараноки замин ҳидоят намуданд.

Дар ин ҷо ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки соли равон дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия майдони умумии картошка 2 ҳазору 380 гектарро ташкил дода, ҳосилнокии он ба 350-360 сентнер мерасад.

Ба гуфти хоҷагидорон имсол нисбат ба соли гузашта майдони кишти картошка 200 гектар зиёд буда, истеҳсоли он ба 100 ҳазор тонна расонида мешавад.

Тавре зикр гардид, шароит ва иқлими ноҳияи Лахш барои рушди картошкапарварӣ мусоид буда, ноҳия имконият дорад бозорҳои дохилиро бо ин навъи маҳсулот таъмин намояд.

Имсол аслан хоҷагидорон навъҳои серҳосили картошка, ба монанди «Тоҷикистон», «Сурхоб», «Рашт» ва «Шукрона», ки маҳсули кори олимони Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат аст, кишт карданд.

Зимни сӯҳбат бо деҳқонон зикр гардид, ки имсол 1 ҳазору 500 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 8 хоҷагии коллективӣ ва 3 хоҷагии кишоварзии давлатӣ дар майдони 6 ҳазору 235 гектар зироатҳои гуногунро кишт карда, ҳосили фаровон ҷамъоварӣ намуданд.

Ҳамзамон дар соли равон деҳқонони ноҳияи Лахш тибқи дурнамо дар майдони 54 гектар боғҳои нави мевадиҳанда бунёд карданд, ки ин иқдом дар таҳкими иқтидори содиротии кишвар заминагузор хоҳад буд.

Дар маҷмуъ майдони боғот дар ноҳия 2 ҳазору 62 гектарро ташкил медиҳад, ки деҳқонон аз ҳосили фаровони имсолаи себу нок ва дигар намуди мева изҳори қаноатмандӣ менамоянд.

Дар ноҳияи Лахш соҳаи чорводорӣ низ бевосита бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон давоми даҳсолаи охир рушд кард. Дар намоишгоҳи мазкур хоҷагидорон зотҳои беҳтарини чорвои калону майда, аз ҷумла қутос, ки саршумори он ба 800 сар расидааст, ба маъраз гузоштанд.

Имрӯз дар ноҳия 2417 сар чорвои калон ва 17807 сар моли майда мавҷуд аст.

Сипас дар шафати намоишгоҳ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кишоварзони ҷамоати деҳоти Ҷиргатоли ноҳияи Лахш ба ҷамъоварии картошка оғоз намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар заминаи хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавию инфиродии ҷамоати деҳоти Ҷиргатол 320 хоҷагии хурди оилавӣ ташкил гардида, нафарони зиёд соҳиби ҷойи кори доимӣ шуда, маоши баланд мегиранд.

Дар ин хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳосилнокии картошка имсол хеле зиёд буда, кишоварзон азм доранд, ки ҳам худ истифода намоянд ва ҳам сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакатро бо картошка таъмин намоянд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот ва интихоби тухмии серҳосил ба кишоварзону масъулини ноҳияи Лахш дастуру ҳидоятҳо доданд.

Сентябрь 26, 2016 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик