Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Нуробод

Сентябрь 25, 2016 11:34

 Душанбе, 25.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳ намудани як қатор иншооти таъиноти гуногун бо сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод ташриф оварданд.

Сарвари ояндасоз ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинону фаъолони ноҳия бо шукуҳу шаҳомати хоси пазироии меҳмони олимақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири ташрифи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳунармандон ва ҳаваскорони ноҳия барномаи рангинеро таҳия карданд.

Хушию хурсандии хурду бузурги ноҳияро ҳадду канор набуд, зеро ҳар як ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ё он гӯшаи кишвар пайки ободкорию созандагӣ барои таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад.

Сентябрь 25, 2016 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон