Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Иди саиди қурбон

Сентябрь 11, 2016 06:00

11.09.2016, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони гиромӣ!

Фардо барои мусулмонони кишварамон Иди саиди қурбон фаро мерасад. Ба ин муносибат ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мардуми тоҷик сулҳу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Таҷлили ин иди суннатии аҷдодиамон имсол ба даврае рост омад, ки дар саросари кишвари азизамон ҷашни бузургу муқаддаси 25 — солагии истиқлолияти давлатӣ дар фазои сулҳу суботи комил ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд ва тантанаҳои он ҳоло ҳам дар гӯшаву канори мамлакат идома доранд.

Мо бояд ҳамеша аз истиқлолияти давлатӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ҷовидонии халқамон мебошад, шукрона карда, онро чун неъмати қиматтарини ҳаётамон эҳтиёт ва ҳифз намоем.

Зеро аз баракати истиқлолияти давлатӣ аст, ки имрӯз сокинони мамлакатамон ҳамаи расму ойинҳои милливу динии худ, аз ҷумла фаризаҳои Иди саиди қурбонро озодона ва бемамониат адо менамоянд.

Ҳикмати ин иди бузург тибқи таълимоти дини мубини ислом-самимияту садоқат ба Худои таоло, ростиву растагорӣ ва сафои қалбу рӯҳ мебошад.

Вале ҳангоми ба ҷо овардани анъанаҳои ид фаромӯш набояд кард, ки қурбонӣ танҳо ба шахсони дорои шароиту имконияти молӣ воҷиб аст.

Касоне, ки чунин имкониятро надоранд, метавонанд бо рафтору гуфтор ва кирдори нек аз савоб бархурдор шаванд.

Зеро Худои мутаол дар Қуръони маҷид мефармояд, ки «Худованд ҳеҷ касро беш аз тавоноияш вазифадор намекунад».

Ҳамчунин, дар хотир бояд дошт, ки дар асоси ҳадисҳои пайғамбари ислом ҳама гуна хайроту садақот, аз ҷумла моли қурбонӣ, пеш аз ҳама, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои бесаробону камбизоат, яъне муҳтоҷону тангдастон дода мешавад.

Яке аз ҳикматҳои муҳимтарини ин анъанаи неки динӣ иттиҳоду ҳамбастагии мусулмонон тавассути кумак ба ҳамдигар ва гирифтани дасти эҳтиёҷмандону ятимон ва барҷомондагон аст.

Дар ин хусус тамоми бузургони пешини мо низ дар таълимоти ахлоқиашон ишораҳо кардаанд ва маънии дину дунёро дар накӯкорӣ ва саховату покназарӣ дидаанд.

Имрӯз дар баробари ба ҷо овардани ин аҳкоми ид ба аёдату табрики пайвандону наздикон, беморону пиронсолон ва зиёрати оромгоҳи гузаштагон рафтан, ба азодорон изҳори ҳамдардӣ кардан ва муҳимтар аз ҳама, ба дармондагону ниёзмандон ва ашхоси камбизоат хайру эҳсон намудан ба анъанаи неки мардуми Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Дар замони муосир, ки дар як қатор кишварҳои ҷаҳон ҷангҳои хунин идома доранд ва гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо амалҳои ваҳшиёнаи худ ба номи ислом иснод меоранд, идомаи корҳои неку хайр аз тарафи мусулмонон, аз ҷумла мардуми мо ба таҳкими ризоияту ҳамдигарфаҳмӣ дар байни афроди ҷомеа ва тақвияти сулҳу субот дар кишвар мусоидат мекунад.

Хотиррасон месозам, ки дар ин рӯзи муборак ва умуман, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт мо набояд ба исрофкориву зиёдаравӣ ва худнамоиву зоҳирпарастӣ роҳ диҳем.

Агар ҳамватанони мо ба ҷои чунин амалҳо бештар ба некиву накӯкорӣ, дастгирии ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробонмонда машғул шаванд, соҳиби савоби бештар мегарданд.

Бо дарназардошти ин масъалаи муҳим, мо нӯҳ сол қабл Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”- ро қабул намудем.

Мақсади мо аз он иборат аст, ки расму ойинҳои милливу динӣ бояд дар доираи ин қонун баргузор гардида, барои ҳимояи манфиатҳои молии шаҳрвандон, баланд бардоштани фарҳанги маъракаороӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат намоянд.

Дар робита ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки риояи қонуни мазкур барои тамоми шаҳрвандони мамлакат ҳатмӣ буда, он бояд ба як рукни таркибӣ ва доимии фарҳанги мардуми мо табдил ёбад.

Рукни дигари Иди қурбон анҷом додани маносики ҳаҷ мебошад. Имрӯзҳо иддае аз ҳамватанони мо бо нияти адои маносики ҳаҷ ва зиёрати хонаи Худо ба Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара сафар кардаанд ва дар қатори миллионҳо мардуми мусулмони ҷаҳон фаризаи ҳаҷро ба ҷо оварда истодаанд.

Итминон дорам, ки ҳоҷиёни мо дар он сарзамини муқаддас барои сулҳу оромӣ ва суботи пояндаи кишвари азизамон ва ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон дуо карда, баъди бозгашт дар корҳои ободониву бунёдкорӣ, инчунин, тарғиби одобу ахлоқи ҳамида дар байни мардум, алалхусус миёни наврасону ҷавонон, саҳми ватандӯстонаву инсонпарваронаи худро мегузоранд.

Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи шумо — ҳамватанони азизро ба муносибати фарорасии Иди саиди қурбон табрик гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, сулҳу оромӣ, барору комёбӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!

Сентябрь 11, 2016 06:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар Тоҷикистон
Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд
Шоми Дӯстӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ-Русия» баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи натиҷаҳои музокирот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин