Рӯзи дипломатҳои тоҷик муборак!

Сентябрь 29, 2016 14:28

Душанбе, 29.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман Рӯзи дипломатҳои тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Маҳз 29-уми сентябри соли 1993 бори авввал дар таърих Роҳбари давлати тоҷикон, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди ҷаласаи 48-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ намуда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда буд. Ёд дорам, ки фасли пойизи соли 1993 бори аввал аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид Роҳбари давлати мо, он замон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда буданд. Ман ҳам дар толор, дар радифи даҳҳо коршиносону рӯзноманигорони хориҷӣ нишаста будам. Он замон банда дар доираи як барнома дар Амрико дар риштаи рӯзноманигории байналмилалӣ таҳсил доштам. Чанд рӯз пеш аз ахбори телевизион фаҳмидам, ки бори аввал роҳбари Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид суханронӣ хоҳад кард. Дарҳол ба котиботи СММ дар тамос шудем ва ба мо даст дод, ки масъули матбуотии ҳайати Тоҷикистонро пайдо намоем. Ин шахс ҳампешаамон — марҳум Насрулло Асадуллоев буданд, ки дарҳол масъалаи ширкати моро дар ин лаҳзаи таърихӣ мувофиқа намуданд.
Он рӯзи таърихӣ аз ин нишасту дидор бо роҳбари давлату миллат, аз ин иқболи баланд ифтихору сарбаландӣ тамоми вуҷудамро фаро гирифта буд. Агар хато накунам, худи ҳамон сол дар робита ба ин як гузориши телевизионӣ ҳам буд, ки рӯзноманигори маъруф Сайёҳат Неъматова омода карда буданд ва умедворам он сабт дар бойгонии телевизион маҳфуз аст. Баъдан аз ин ҳодисаи нодири таърихӣ банда дар китоби сафаргуфтаҳоям бо номи Амрико бо Муҳаммад Эгамзод (солҳои 1993-1995) низ ёдовар шудаам, ки онро соли 1996 нашриёти USIS дар Вена ба табъ расонда буд.
Бояд зикр кард, ки дар аксари кишварҳои дунё Рӯзи дипломатҳо ҷашн гирифта мешавад. Барои мисол, ин рӯз дар Русия бо номи «День дипломатического работника» аз соли 2002 ин ҷониб ҳамасола 10 феврал ҷашн гирифта мешавад. Бинобар сарчашмаҳои таърихӣ, маҳз 10 феврали соли 1549 Иван Грозний, шоҳи Русия фармони нахустини хешро содир намуда буд, ки дар асоси он корҳои дипломатӣ (сафирӣ) бар дӯши нафаре вогузор шуд. Пасон соли 1802 императори рус Александри 1 вазорати навро таъсис дод, ки дар заминаи он ҳоло Вазорати корҳои хориҷии Русия фаъолият дорад.
Ба ҳамин тартиб, барои мисол, ин рӯзи касбии дипломатҳоро дар Озарбойҷон 9 июл, Қазоқистон 2 июл, Қирғизистон 24 октябр, Украина 22 декабр ҷашн мегиранд, ки ҳамагӣ ба як санаи муҳими таърихии ин кишварҳо иртибот доранд.
Шахсан аз тақдир сипосгузорам, ки маҷрои фаъолияти бандаро низ шурӯъ аз он солҳо ба партави роҳбарии Пешвои миллату Меҳан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бешак, пешоҳанги сиёсати хориҷии мо ҳамчун қутбнамо ва муаяйнкунандаи самти он мебошанд, равона сохт. Аз фаъолияти якҷоя ва ҳамнишастӣ бо сипаҳсолорони дипломатияи тоҷик- Талбак Назаров ва рус- Евгений Примаков, сафирони собиқ ва муътабари кишварамон дар Русия Рамазон Мирзоев, Сафар Сафаров, Абдулмаҷид Достиев ва сафири феълӣ, дипломати шинохтаи тоҷик Имомуддин Сатторов ва даҳҳои дигар устодони арҷманд дар ин соҳа сарфарозам.
Рӯзи дипломатҳои тоҷикро ба соири ҳамкасбони азизу арҷманд ва хонаводаҳои онҳо табрику таҳният мегӯям.
Бошад, ки дар ҳимояи манофеи миллию давлатӣ, муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ муваффақу комрон бошем!

Муҳаммади Эгамзод
корманди Вазорати корҳои хориҷии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 29, 2016 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаронсаро тӯфони «Флориан» фаро гирифтааст
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Панҷ комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Дар натиҷаи заминларза дар Чин 95 нафар ҳалок гардида, 130 нафар захмӣ шуданд
Дар ноҳияи Ишкошим пайомадҳои тарма бартараф карда мешаванд
Бар асари барфрезии шадид дар ИМА чаҳор нафар ҳалок гардид
Соли нави «рақамӣ»: Чӣ тавр муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» наздикони худро табрик намуданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Туркия сардии ҳаво то 33 дараҷа расидааст
Дар натиҷаи таркиш дар Покистон 4 нафар ҳалок ва 32 нафар захмӣ гардид
Донишгоҳи давлатии Бохтар соли 2024 ба даҳгонаи аввали муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дохил гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корхонаи истеҳсоли кошин сохта мешавад
Дар шарқи Канада бар асари шамолҳои тӯфонӣ ҳазорон нафар бе барқ монданд