Сафири Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия эътимоднома супорид
Душанбе, 01.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. 31 августи 2016 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён ба Раиси Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдоған Эътимодномаи худро супорид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Раиси Ҷумҳурии Туркия зимни арзи дуруд ба Асосгозори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба давлати Тоҷикистон ва мардуми он сулҳ ва пешрафт орзу намуда, омодагии кишвари худро барои густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобилан муфид миёни Тоҷикистон ва Туркия изҳор намуд.
Зимни суҳбат ҳамзамон доираи васеи масъалаҳои дуҷониба ва рушди минбаъдаи муносибат ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар баррасӣ гардиданд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






