Сарвазири мамлакат бо ҷараёни сохтмон ва таҷдиди қитъаи Шамсиддини Шоҳин-Шоҳони роҳи мошингарди Кўлоб-Қалъаи Хумб шинос шуд
Душанбе, 03.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмон ва таҷдиди қитъаи Шамсиддини Шоҳин-Шоҳони роҳи мошингарди Кўлоб-Қалъаи Хумб шинос шуд.
Татбиқи лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди қитъаи роҳи мазкур, ки як ҷузъи шоҳроҳи байналмилалии қаламрави Тоҷикистон маҳсуб мешавад, бо мақсади мутобиқсозии роҳҳои мамлакат ба меъёрҳои ҷаҳонӣ амалӣ шуда, масофаи 40 км-ро дар бар мегирад.
Сарвазири мамлакат дар қитъаҳои гуногуни роҳ аз ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин то мавзеи Шоҳон бо вазъи корҳои омодасозии таҳкурсии роҳ, корҳои мумфаршкунии қисматҳои алоҳида, сохтмону таҷдид, омодасозии иншооти обрави канори роҳ ва корҳои оҳану бетонрезӣ шинос шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар корҳои сохтмон ва таҷдиди ин қитъаи роҳ дар моҳи августи соли равон нисбатан пешравиҳо ба назар расида, дар ин давра ба маблағи беш аз 5 млн. 500 ҳазор сомонӣ корҳои нақшавӣ ба анҷом расонида шудаанд.
Дар айни замон дар татбиқи лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди қитъаи Шамсиддини Шоҳин-Шоҳони роҳи мошингарди Кўлоб-Қалъаи Хумб 763 нафар кор мекунанд, ки 630 нафари онҳо коргарони маҳаллӣ мебошанд. Барои иҷрои корҳои сохтмон ва таҷдиди роҳ ҳамчунин 268 адад техникаю таҷҳизоти корӣ сафарбар шудааст.
Рафти шиносоии Сарвазири мамлакат бо лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди қитъаи Шамсиддини Шоҳин-Шоҳони роҳи мошингарди Кўлоб-Қалъаи Хумб дар ситоди сйёри корӣ натиҷагирӣ карда шуд. Дар ситод оид ба иҷрои корҳои сохтмонию таҷдидсозӣ дар лоиҳа роҳбарияти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарону масъулони ширкатҳои вобасташуда ҳисобот доданд.
Хотиррасон бояд шуд, ки барои татбиқи лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди қитъаи Шамсиддини Шоҳин-Шоҳони роҳи мошингарди Кўлоб-Қалъаи Хумб ташкилоту ширкатҳои сохтмонию роҳсозӣ аз Туркия, Кувайт, Лубнон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷалб шудаанд.
Дар ситоди сайёр роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, маркази татбиқи лоиҳа ва ташкилоту идораҳои сохтмонии ҳамкор ҷиҳати иҷрои саривақтии нишондиҳандаҳои асосии корҳои таҷдид ва сохтмонӣ вазифадор карда шуданд.
Дар ин рўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамчунин дар маркази ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.








РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!






