Таҷлили ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон дар Теҳрон
Душанбе, 07.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябри соли равон дар меҳмонхонаи «Истиқлол»-и шаҳри Теҳрон бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ҳузури намояндагони ниҳодҳои расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷӣ, ҳайати дипломатии кишвари иқомат, расонаҳои хабарӣ ва ҳамватанону донишҷӯёни тоҷик ҷашн гирифта шуд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода аз аҳамияти сарнавиштсози Истиқлолият дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон бо ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои Тоҷикистон дар давоми 25 соли истиқлолият, истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ва амну суботи фарогир дар кишвар, таҳкими давлату давлатдорӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, дастовардҳои назаррас дар роҳи дастёбӣ ба се ҳадафи роҳбурдӣ- таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ, ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон, инчунин равобиту ҳамкории дӯстона ва мутақобилан судманди дуҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ёдовар шуд.
Ҳамчунин вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳ.Читчиён, муовини вазири корҳои хориҷӣ И.Раҳимпур, раиси Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон А.Шабистарӣ зимни суханронӣ мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни фархунда табрику таҳният гуфтанд.
Дар ҳошияи барнома гӯшае вобаста ба Тоҷикистон ташкил карда шуда, аксҳои манзараҳои зебои кишвар, китобҳо дар бораи сиёсат ва таъриху фарҳанг, анвои либосҳои миллӣ ва намунаи асбобҳои мусиқӣ ба намоиш гузошта шуданд, инчунин, мавод оид ба имкониятҳои гардишгарии кишвар ва маҷаллаи тозаинтишори Намояндагӣ ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши меҳмонон гардид. Ҳамчунин филми мустанад ва видео-наворҳо дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ва зарфияту имконоти гардишгарии кишвар намоиш дода шуд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






