«Тоҷикистон кишвари ман, мулки беҳамтои ман»-озмуни иншои беҳтарин дар минтақаи Рашт

Сентябрь 14, 2016 16:43

Душанбе, 14.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон дар доираи барномаи «Меҳмонии ҷавонон» дар минтақаи Рашт озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Тоҷикистон кишвари ман, мулки беҳамтои ман» баргузор гардид.
Озмун бо мақсади ҳавасманд намудани ҷавонони маҳал, ҷалб намудани онҳо ба омӯзиши илмҳои муосир, эҷодкорӣ, рушди малакаҳои зеҳнӣ, омода кардани ҷавонону наврасон ба талаботи ҳаёти имрӯза ва муқовимат ба тазодҳои замони муосир равона карда шудааст.
Тавре Фатҳиддин Солеҳов, директори Маркази миллии имконоти ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иброз дошт,  дар озмун ҷавонону наврасони аз 14 то 30-сола аз  муассисаҳои таълимӣ  ҷалб гардиданд.
Ба иттилои Фатҳиддин Солеҳов, баъд аз баргузор гардидани озмуни мазкур дар шаҳраки Сарбанди ноҳияи Нуробод иншои ҷавондухтари фаъол Фирӯзаи Ҳабибулло  беҳтарин дониста шуда, ғолиб интихоб гардид.
Озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Тоҷикистон кишвари ман, мулки беҳамтои ман» дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт, аз ҷумла Нуробод, Тоҷикобод, Лахш идома ёфта, беҳтаринҳо дар чорабинии фарҳангӣ-фароғатии «Шоми дӯстии ҷавонон» бо туҳфаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Сентябрь 14, 2016 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад