Вохӯрии роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти гумруки ИДМ дар Гулистон

Сентябрь 28, 2016 17:33

     Душанбе, 28.09.2016/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи 14-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ таҳти раёсати Руслан Давидов-муовини роҳбари Хадамоти федеролии  гумруки Русия баргузор гардид.

Аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар кори ҷаласа  роҳбарон ва кормандони воҳидҳои ҳифзи  ҳуқуқи Хадамоти гумруки  Арманистон, Беларус, Русия, Озарбойҷон,  Тоҷикистон,  Қазоқистон,  Қирғизистон, Ӯзбекистон ва намояндаи Маркази зиддитеррористии кишварҳои аъзои ИДМ ширкат намуданд.

Иштирокдорони ҷаласаи 14-уми Кумитаи  роҳбарони  воҳидҳои  ҳифзи ҳуқуқи  Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки  кишварҳои  ИДМ- ро Абдуфатоҳи Ғоиб,  сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, нақши воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти  гумруки кишварҳои ИДМ-ро дар фаъолияти гумрукӣ ва ҳифзи амнияти иқтисодӣ муҳим арзёбӣ карда, хостори рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманд гардид. Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои  марбут ба  натиҷаи чорабиниҳои муштараки воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи  мақомоти гумрук доир ба  ошкор ва  пешгирӣ намудани шабакаҳои қочоқчиён,  инчунин иҷрои нақшаҳои кори Кумита ва маркази  минтақавии вобаста ба  фаъолияти воҳидҳои  ҳифзи ҳуқуқи Созмони   байналмилалии гумрукӣ оид ба кишварҳои ИДМ   «RILO Москва» дар соли 2016-ро баррасӣ карданд.

Зикр шуд, ки дар доираи сарпарастии Кумита ва ҳамкории муштараки воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ фаъолияти 15 гурӯҳи ҷиноии фаромиллии қочоқчиёни маводи мухаддир пешгирӣ ва  аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 21 тонна маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ мусодира гардида, зиёда аз сад нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.

Дар ҷаласа доир ба таъсиси шабакаи боз дар самти  дастрас намудани иттилоот   аз шаҳрвандон- ҳуқуқвайронкунандагони гумрукӣ  қарор қабул гардида, инчунин оид ба оғози кори шабонарӯзии нуқтаҳои иртиботӣ ҷиҳати табодули иттилооти  ҳифзи ҳуқуқ тасмим гирифта шуд.

Ҳамзамон дар ҷаласа самтҳои  ҳамкорӣ оид ба муқовимат  бар зидди ҳуқуқвайронкунӣ дар татбиқи  савдои интернети фаромиллӣ, мубориза бар зидди муомилоти байналмилалии ғайриқонунии  маводи нашъаовар,   моддаҳои психотропӣ ва  прекурсорҳои он, таҳқиқ ва тафтиши пешакии            гумрукӣ, баланд бардоштани касбияти кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ ва фаъолияти кинологӣ муайян карда шуданд.

Иштирокдорони ҷаласа ба рушди ҳамкории Кумита бо мақомоти байналмилалии  ҳифзи ҳуқуқ ва созмонҳои ҷаҳонӣ  таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, изҳор доштанд, ки  дар ин самт  дар оянда лоиҳаи Созишнома таҳия мегардад.

Инчунин  доир намудани амалиёти махсуси бисёрҷониба  барои ошкор ва ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои гумрукӣ ба нақша гирифта шуда, иштирокдорони ҷаласа омодагии худро ба  табодули иттилооти ҳифзи ҳуқуқ  ва таҳияи чораҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бар зидди  ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ изҳор доштанд.

Сентябрь 28, 2016 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад