Занону духтарони Рашт кӯшиш доранд дар ҳамаи соҳаҳо фаъол бошанд

Сентябрь 21, 2016 16:11

Душанбе, 21.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати мамлакат бо назардошти нақши барҷастаи занон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, ба ҳадди имкон дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд. Инчунин ибтикороти созандаашонро доимо дастгирӣ карда, барои амалӣ шудани онҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Воқеан ҳам барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дар даврони соҳибистиқлолӣ барномаҳои зиёд ва муҳими давлатӣ қабул гардиданд, ки онҳо дар таъмини баробарҳуқуқӣ, беҳбудии вазъи иҷтимоии занон ва муҳайё сохтани шароит барои фаъолияти бонувон, аз ҷумла дар вазифаҳои роҳбарикунанда нақши бузург бозиданд. Дар ин замина, баҳри тарбия ва ҷобаҷогузории мутахассисон аз ҳисоби духтарони болаёқати квотаи президентӣ таъсис дода шуд, ки он барои ҷалби духтарон ба илму касбомӯзӣ такони ҷиддӣ гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки дар шаҳру деҳоти ноҳияи Рашт то даврони соҳибистиқлолӣ теъдоди занони соҳибмаълумот ангуштшумор буд.
Бино ба гуфтаи мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Ҷавоҳир Давлатова, имрӯз шумораи занону духтарон дар ноҳия 59 ҳазору 373 нафар буда, аз ин теъдод 31 ҳазору 101 нафарашон қувваи қобили меҳнат маҳсуб мешаванд.
«Дар замони соҳибистиқлолии кишвар таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону духтарон калон аст. Ин буд, ки духтарони маҳаллӣ аз ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон тибқи квотаи президентӣ ба донишгоҳҳои олии кишвар шомил гардида, баъди хатм дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо кор таъмин шуданд. Агар теъдоди занони маълумоти олидор дар ноҳия дар соли 2006 -ум 36 нафар ба қайд гирифта шуда бошад, имрӯз ин теъдод ба 373 нафар расидааст. Дар соҳаи тандурустӣ теъдоди занон ба 314 нафар, соҳаи маориф 317 нафар, фарҳанг 76 нафар буда, имрӯз дар ноҳия 68 нафар зан ба соҳибкорӣ машғул мебошанд»,- илова намуд Ҷавоҳир Давлатова.
Фаъол гаштани духтарону занони ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таҳсилу кор дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ гардида, самараи таъсис ёфтани мактабҳои олӣ ва коллеҷҳо дар ин водӣ аст. Қобили зикр аст, ки занони ҷасурро дар сафи коргару хизматчиёни ҷузъу томҳои низомии ноҳияҳои минтақаи Рашт низ мушоҳида метавон кард.
«Ташкили марказҳои дастгирии занон ва маҳфилу чорабиниҳои фарҳангӣ, ки дар онҳо духтарону модарон фаъоланд, паёми хушояндест, ки аз руҷӯи бесобиқаи ҷинси латиф ба корҳои ҷамъиятӣ дарак медиҳад», -гуфт Ҷавоҳир Давлатова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт. Инчунин номбурда илова намуд, ки кормандони бахши занони ин минтақа пайваста кӯшиш менамоянд, то ҳар мушкилии ба сари бонувони раштӣ омадаро сари вақт пешгирӣ намоянд.

«Мо дар байни ҷомеа корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ мебарем. Мо кӯшиш мекунем дар ҷамоатҳои дурдаст, аз қабили ҷамоати Ҳойит, Ясман, ки чанд сол қабл ҷалби духтарон ба донишгоҳҳою коллеҷҳои кишвар қариб, ки мушоҳида намешуд, кор барем. Имрӯз духтарону занони ин водӣ пешқадам буда, қариб дар ҳамаи соҳаҳо фаъоланд. Дар колеҷҳои тиббӣ ва омӯзгории ноҳия зиёда аз 50 духтар таҳсил доранд»,- илова кард мусоҳиб
Бояд гуфт, ки бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Рашт барои ҷалби занону духтарони хонашин як зумра курсҳои таълимию ҳунаромӯзӣ ташкил намудааст. Ба гуфтаи Ҷавоҳир Давлатова, пештар волидайн нисбат ба илмомӯзӣ ва касбомӯзии ҷавондухтарон бетарафӣ зоҳир мекарданд. Аммо боиси хушҳолист, ки солҳои охир ин андешаи нодуруст аз байн рафтааст. Яъне сулҳу субот ва шароити хуб падару модаронро водор сохтааст, ки монеи илму касбомӯзии фарзандон, хусусан духтаронашон нагарданд.
Воқеан ҳам занон аз рӯзи азал баҳри пешрафти давлату миллат саҳмгузор буданд ва то имрӯз талош менамоянд, ки дар ин ҷода дар баробари мардон нақши бориз дошта бошанд. Маҳз соҳибистиқлолии кишвар аст, ки занони ҷумҳурӣ дар тамоми соҳаҳои мухталиф фаъолият доранд. Имрӯз зани тоҷикро дар қатори беҳтарин олимаҳои дунё мушоҳида кардан мумкин аст. Зани тоҷик дар ҳар соҳае, ки хоҳад, озодона фаъолият дорад, ки албатта, ҳамаи ин самараи истиқлолияти давлатӣ аст. Чун имрӯз тамоми шароит барои занони тоҷик муҳайё гардидааст занону духтарони тоҷикро зарур аст, ки ба қадри ин неъматҳо расанд. Фарзандонро имрӯз бояд чунон тарбия кард, ки дар пешрафту ободии ин сарзамин саҳмгузор бошанд.
Лайло Қосимова

Сентябрь 21, 2016 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд